Таҳсили 720 нафар тоҷикистониён дар хориҷи кишвар

Айни замон 720 наар шаҳрвандони Тоҷикистон дар омӯзишгоҳҳои касбӣ ва макотиби олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. Зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов изҳор дошт, ки соли равон 320 нафар тоҷикистониён ба муассисаҳои таълимии Русия ва 187 нафар ба макотиби олии Эрон дохил шудаанд. «Дар бораи баргузории озмунҳо оид ба интихоби довталабон пешакӣ тавассути […]

Пайрав Чоршанбиев


Айни замон 720 наар шаҳрвандони Тоҷикистон дар омӯзишгоҳҳои касбӣ ва макотиби олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов изҳор дошт, ки соли равон 320 нафар тоҷикистониён ба муассисаҳои таълимии Русия ва 187 нафар ба макотиби олии Эрон дохил шудаанд.

«Дар бораи баргузории озмунҳо оид ба интихоби довталабон пешакӣ тавассути васоити ахбори умум хабар дода шуда буд», – гуфт вай.

Саидов қайд кард, ки феълан қабули имтиҳонҳо тибқи квотаҳои ҷудокардаи муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар идома дорад.

Ба гуфтаи ӯ, дар як қатор муассисаҳои таълимии Русия пардохти маблағи таҳсили шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби буҷети федералӣ таъмин гардида, дар баъзе муассисаҳои таълимии ин кишвар шаҳрвандони тоҷик аз ҳисоби худи муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд.

Ба гуфтаи муовини аввали вазири маориф Фарҳод Раҳимов, дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ пардохти маблағи таҳсили шаҳрвандон аз ҳисоби буҷети давлатӣ танҳо дар сурате амалӣ мегардад, ки агар ба ин мутахассис иқтисоди миллӣ эҳтиёҷ дошта бошад. Номбурда ҳамчунин гуфт, айни замон дар макотиби олии кишвар аз рӯйи 280 ихтисосо кадрҳо омода карда мешаванд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар бозори меҳнат талабот 450 ихтисосро ташкил медиҳад.

«Зимни имтиҳони қабул ҳамчунин намояндагони муассисаҳои таълимии кишварҳои қабулкунанда низ иштирок мекунанд», – афзуд муовини аввали вазир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.