Хисороти бахши сайёҳии водии Зарафшон аз марзбандии Ӯзбекистон

Зимни нишасти хабарӣ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев изҳор кард, ки баста шудани гузаргоҳи марзӣ бо Ӯзбекистон миёни шаҳрҳои Панҷакенту Самарқанд ба бахши сайёҳии водии Зарафшон хисороти ҷиддӣ ворид сохт. Ба гуфтаи вай, гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар водии Зарафшон се сол қабл бидуни мувофиқаву огаҳӣ якҷониба […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни нишасти хабарӣ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев изҳор кард, ки баста шудани гузаргоҳи марзӣ бо Ӯзбекистон миёни шаҳрҳои Панҷакенту Самарқанд ба бахши сайёҳии водии Зарафшон хисороти ҷиддӣ ворид сохт.

Ба гуфтаи вай, гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар водии Зарафшон се сол қабл бидуни мувофиқаву огаҳӣ якҷониба аз тарафи кишвари ҳамсоя баста шуда, аз ин «ташаббус»-и якҷонибаи Ӯзбекистон тиҷорати наздисарҳадӣ миёни кишварҳо зарар дид.

«Созмонҳои сайёҳӣ кайҳо собит кардаанд, ки аз баста шудани марзҳо натанҳо кишвари қабулкунанда, балки кишвари фиристанда ҳам зарар мебинад», – гуфт ӯ.

Файзуллоев таъкид кард, ки соҳибкорону ширкатҳои сайёҳии ҳарду кишвар аз ин амали ҳукуматдорони ӯзбек борҳо изҳори тааҷҷубу таассуф кардаанд.

«Мо тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ аз Ӯзбекистон дархост кардем, ки ба таври истисноӣ убури шаҳрвандони хориҷӣ тариқи ин гузаргоҳро иҷоза диҳад, вале то ҳанӯз ҳеҷ посухе нагирифтаем», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, масъалаи мазкур ҳамасола аз ҷониби Тоҷикистон матраҳ мешавад ва изҳори умедворӣ кард, ки бо гузашти вақти муайян ин мушкилот роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли равон ҳудуди 155 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд, ки аз ин миқдор 60 ҳазор нафар тибқи раводидҳои сайёҳӣ омадаанд. Айни замон дар Тоҷикистон 75 адад ширкати сайёҳии ватанӣ фаъолият доранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бузи Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.