Дар ҷануби кишвар сарбоз ҳамхизмати худро парронд

Дар ҷануби кишвар як сарбоз сӯйи ҳамхизмати худ тир холӣ карда, ахирӣ бар асари он ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, Пирмадбой Мамадалӣ, хизматчии ҳарбии қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бохтар шаби 7-уми июл дар посбонӣ қарор доштааст. «Дар посгоҳ ӯ аз автомати […]

Сайраҳмон Назриев


Дар ҷануби кишвар як сарбоз сӯйи ҳамхизмати худ тир холӣ карда, ахирӣ бар асари он ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, Пирмадбой Мамадалӣ, хизматчии ҳарбии қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бохтар шаби 7-уми июл дар посбонӣ қарор доштааст.

«Дар посгоҳ ӯ аз автомати Калашников ба сӯйи ҳамхизмати худ Хоҷамқулов тир холӣ мекунад, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин ҳодиса дар прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа мутобиқи моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» адвокати айбдоршаванда Ғулом Бобоев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки зерҳимояаш дар нишондодҳои аввалин гуфтааст, ҳангоми дар посгоҳ будан ҳаракати касеро ба сӯйи худ мушоҳида карда, ба ӯ огоҳӣ додааст, вале чун шахси ҳаракатдошта ба огоҳӣ итоат накардааст, сипас сӯйи вай тир кушодааст.

Адвокат мегӯяд, шояд прокуратура айбномаро ба дигар моддаи КҶ – «Ба марг расонидан бо сабаби беэҳтиётӣ» иваз созад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.