Кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи ҳузур надоштани директори техникии дастаи футболи «Истаравшан» (Истаравшан) Маҳмуд Бобоев дар 10 вохӯрӣ қарор қабул кард. Ғайр аз ин, ӯ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ба андешидани чунин чораҳо аз ҷониби Бобоев латукӯб шудани гурӯҳи доварон дар вохӯрӣ бо дастаи «Хуҷанд» боис гардидааст.
Ғайр аз ин, бо қарори Кумитаи назорату интизоми ФФТ, барои таъмин накардани саривақт ҳозир шудани футболбозон Мӯъминҷон Гадойбоев ва Манучеҳр Аҳмедов ба ихтиёри дастаи мунтахаби ҷавонон (U-22), дастаи футболи «Хуҷанд» ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.