Шиканҷа, латукӯб ва намудҳои дигари бадрафторӣ дар тавқифгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфта, дар муҳити фарогири фасод ва бемасъулиятӣ рушд кардаанд, – изҳор доштааст созмони Афви Байнулмилалӣ (Amnesty International) дар гузорише, ки мақомоти кишварро ба пурра маҳкум сохтан ва барҳам додани амалияи шиканҷа даъват мекунад.
Дар гузориши таҳти унвони «Зиндагии тахрибшуда: шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон» хатаре, ки одамон дар марҳилаи аввали дастгиршавӣ ба он дучор мешаванд, тафтишоти номукаммали даъвои шиканҷа ва аз тарафи мақомоти кишвар ба ҷавобгарӣ накашидани шахсони гунаҳкор тасвир мешавад.
«Тарзҳои шиканҷа, ки аз ҷониби мақомоти амниятӣ истифода мешаванд, такондиҳандаанд: истифодаи нерӯи барқ, оби ҷӯш, хафасозӣ, латукӯб, бо сигор сӯзонидан, таҷовуз ба номус ва таҳдиди таҷовуз – роҳи ягонаи халосӣ иқрор шудан ва баъзан пешниҳоди ришва аст», – гуфтааст Рейчел Буглер, коршиноси Афви Байнулмилалӣ оид ба Тоҷикистон.
«Дар натиҷаи чунин муносибат ҷабрдидагон на танҳо аз ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, ба монанди пардаҳои кафидаи гӯш, дандонҳои шикаста, ҷоғҳои беҷошуда, балки ҳамчунин аз оқибатҳои ин ҷароҳатҳо, ба монанди рӯҳафтодагӣ (депрессия), бехобӣ ва дидани хобҳои бад азоб мекашанд. Ин бадрафторӣ ба зиндагии онҳо ва аҳли оилаи онҳо таъсири амиқ мегузорад», – омадааст дар гузориш. – Аксар вақт ин гуна муносибат ба марги дастгиршудагон дар тавқифгоҳҳо сабаб шуда, ин парвандаҳо ба таври дахлдор тафтиш намешаванд ва гунаҳкорон бе ҷазои муносиб мемонанд».
Чун шиканҷа ҳамчун ҷиноят дар ин авохир ба кодекси ҷиноятӣ ворид карда шуд, омори расмӣ ҷиддияти масъаларо инъикос намекунад. Аз тарс дар хусуси шиканҷа ошкоро сухан накардани қурбониёни шиканҷа ва аҳли оилаи онҳо, ҳамчунин аз ҷониби намояндагони мақомот тарсонида шудани онҳое, ки ошкоро сухан кардаанд, ин масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад.
Дар Тоҷикистон ҳар гуна шахс метавонад мавриди шиканҷа қарор гирад, вале гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ба монанди камбизоатон, ки эҳтимоли шикоят карданашон хеле кам аст, махсусан зери хавф қарор доранд.
Дар Тоҷикистон барои афсарони милитсия аксаран ҳавасмандиҳои содир кардани шиканҷа ва дигар бадрафторӣ аз омилҳои монеъкунандаи он бештаранд. Ба бисёр намояндагони мақомоти интизомӣ, ба таври ғайрирасмӣ, аз рӯйи шумораи ҷиноятҳои кушодаи онҳо баҳо дода мешавад.
Сӯистифодаи кормандони милитсия аз вазифа ва фасод аксаран дар радифи якдигар меистанд. Рӯзноманигори маҳаллӣ ба Афви Байнулмилалӣ изҳор дошт: «Шиканҷа воситаи даромад аст. Кормандони милитсия шахсро дастгир, шиканҷа ва айбдор карда, баъд пардохтани маблағро талаб мекунанд».
Ҳуқуқи инсон дар рафти ҷустуҷӯйи гурӯҳҳое, ки ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ дониста мешаванд, нақз мегардад, хусусан, ҳаракату гурӯҳҳо ва аҳзоби исломӣ осебпазири шиканҷа ва дигар бадрафторианд.
Онҳое, ки аз кишварҳои дигар маҷбуран ба Тоҷикистон оварда ва ё истирдод шудаанд, баъд аз бозгашт мавриди шиканҷа ва дигар намудҳои бадрафторӣ қарор мегиранд.
Рӯзноманигорони мустақил барои гузориш додан оид ба иддаои шиканҷа ва дигар намудҳои бадрафторӣ аксаран аз тарафи мақомоти амниятӣ тарсонида мешаванд.
«Роҳбарияти олии кишвар аксар вақт ҷонибдории худро аз ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва тартибот эълон медоранд, аммо ба воқеият нигарем, ин суханон хушку холӣ ба назар мерасанд», – гуфт Рейчел Баглер.
Кафолатҳои зидди шиканҷа дар аксар ҳолатҳо амалан иҷро намешаванд – дастгиршудагонро дар давоми пурсишҳои ибтидоӣ, ки аксаран бе ҳимоятгар гузаронида мешаванд, мунтазам бидуни васоити иртибот нигоҳ медоранд.
Низоми бовариноки муоинаи тиббии мустақили даъвои шиканҷа вуҷуд надорад: судяҳо дар мурофиаи судӣ мунтазам арзу шикоят оид ба шиканҷаро сарфи назар мекунанд ва маълумоти дар натиҷаи шиканҷа ба даст овардашуда дар мурофиаи дастгиршудагон ҳамчун далел қабул карда мешавад.
«Бе ҷазо мондани гунаҳкорони шиканҷа ва дигар намудҳои бадрафторӣ дар Тоҷикистон ҳамчун меъёр шудааст. То замоне ки ниҳодҳои давлатӣ ба ҳамдигар мусоидат карда, ба ин ҳуқуқвайронкунӣ имконият медиҳанд, чунин ҳолат давом хоҳад кард. Мавҷудияти ниҳоди мустақиле, ки ба амалҳои мақомоти амниятӣ ҳамчун бозрас ва таъмингари мувозинат расидагӣ карда тавонад, зарур аст, – гуфт Буглер. – Дар лаҳзаи дастгиркунӣ ба дастгиршудагон фаҳмонидани ҳуқуқи онҳо, ба аҳли оилаи онҳо хабар додан, бо ҳимоятгар тамос гирифтан ва ба таври дахлдор ба расмият даровардани дастгиркунӣ кафолатҳои асосии зидди шиканҷа ва дигар намудҳои бадрафториро дар давраи боздошт таъмин карда метавонанд».
«Инҳо қадамҳоеанд, ки Тоҷикистонро ба волоияти қонун ва иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалӣ наздиктар меоранд. Онҳо ҳамчунин барои таҳкими боварии мардум ба мақомоти интизомӣ, ки бояд дар хизмати халқ бошанд, кӯмак мерасонанд», – омадааст дар гузориш.



