Бо қарори иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рӯзи чоршанбеи ҳар ҳафта дар корхонаву ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва маҳаллаву микрорайонҳои шаҳри Душанбе «Соати экологӣ» гузаронида мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ҳадаф аз баргузории чрабинии мазкур баланд бардоштани сатҳи огаҳии сокинони пойтахт аз риояи қоидаҳои санитарӣ, беҳбуди сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ва пардохти саривақтии маблағи ин хизматрасониҳо буда, он бояд бо риояи қатъии қонунгузорӣ ва вақти барои созмондиҳандагон мусоид доир гардад.
Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосия ҳамчунин Барномаи дастгирии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2012-2014 ва Барномаи ҳукумати шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013 тасдиқ гардиданд.
«Дар иҷлосия қарори раиси пойтахт М.Убайдуллоев «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе», ки баҳри ғановати бозори истеъмолӣ нигаронида шудааст, маъқул дониста шуд», – афзуд котиби матбуотии раиси пойтахт.



