Боздошти гумонбар ба қатли хеши президент

Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милиса шахси гумонбар ба қатли шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола боздошт шуд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, гумонбаршуда дар ҷараёни баргузор намудани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони вазорат боздошт шудааст. […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милиса шахси гумонбар ба қатли шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола боздошт шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, гумонбаршуда дар ҷараёни баргузор намудани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони вазорат боздошт шудааст. Ба хотири халал ворид насохтан ба ҷараёни тафтишот, аз ифшои номи гумонбар худдорӣ карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, тафтишоти пешакӣ ва чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ оиди дастгир намудани ҳаммаслакони шахси ҷинояти мазкурро содирнамуда идома дорад.

«Маълумоти ҳамаҷониба ва холисона аз рафти тафтишоти пешакӣ, ки сирри хизматиро ташкил медиҳад, баъди санҷиши пурра ва ҳамаҷониба ба васоити ахбори омма пешниҳод карда мешавад», – гуфтанд дар ВКД.

Ёдрас мекунем, ки Холмӯъмин Сафаров рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамсояҳои марҳум хабар доданд, рӯзи шанбеи гузашта, 14-уми июл, дар макони содир гардидани ҷиноят бо иштироки гумонбаршуда санҷиши тафтишотӣ гузаронида шуд.

«Ашхоси номаълум ба шикам, қафаси сина ва сари Сафаров аз таппончаи Макаров тир холӣ намуда, сипас ба самти номаълум ғайб задаанд. Аз ҷароҳатҳои бардошта аз силоҳи оташфишон Сафаров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – иттилоъ доданд рӯзи дигар аз ВКД.

Ба шаҳодати ҳамсоягон, шоми ҳамон рӯз Холмӯъмин Сафаров дар масҷиди дуртар аз манзили зисташ қарор дошта, дар роҳ сӯи хона ба қатл расонида мешавад.

Макони куштор камодаму равшаниаш он қадр хуб нест ва аз ин қотилон истифода бурдаанд. Ҳамсояҳо танҳо пас аз шунидани садои тир ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷинояткорон аз онҷо аллакай ғайб зада буданд.

«Аз бинои хонаи мо якчанд ҷаовнон ба масҷид мераванд. Аксаран онҳо пас аз намоз ҳамроҳ ба хона бармегаштанд, вале дар ин рӯзҳо вохӯриҳои Чемпионати Аврупо оид ба футбол намоиш дода мешуд, аз ин рӯ, онҳо пас аз намоз ба зудӣ назди телевизор баргашта, акои Холмӯъмин яккаву танҳо чун ҳарвақта шитоб накарда, ба хонааш раҳсипор буд», – гуфт яке аз сокинони хона.

Дарҳол пас аз куштор макони содир гардидани ҷиноят ва гирду атрофи онро кормандони ВКД мавриди ҷустуҷӯ қарор доданд. Аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ ва ВКД гурӯҳи муштараки фаврӣ-тафтишотӣ ташкил гардид. Гурӯҳи муштаракаро сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои махсусан вазнини Прокуратураи генералӣ Ҷамшед Сангов сарварӣ мекунад.

ВКД барои мусоидат ба дастгир намудани ҷинояткор мукофотпулӣ таъин кард, вале аз сарчашмаи парохти маблағи мукофотпулӣ ва ҳаҷми он худдорӣ карда шуд. Ахиран ВКД барои дастгир кардани Мулло Абдулло ба ин монанд мукофотпулӣ таъин карда буд.

Холмӯъмин Сафаров дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз 4-уми июли соли 2004 ба ҳайси роҳбари КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ ифои вазифа мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.