Шӯрои уламо: Рамазон 20-уми июл оғоз мегардад

Бо қарори Шӯрои уламои кишвар соли равон моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 20-уми июл, рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта оғоз мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шӯрои уламои ҷумҳурӣ хабар доданд,  аз рӯйи тақвими мусулмонӣ, рӯзи нав на дар нимашаб, балки баъди ғуруби офтоб шурӯъ мегардад. «Аз ин рӯ, намози таровеҳи рӯзи якуми Рамазон рӯзи […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори Шӯрои уламои кишвар соли равон моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 20-уми июл, рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шӯрои уламои ҷумҳурӣ хабар доданд,  аз рӯйи тақвими мусулмонӣ, рӯзи нав на дар нимашаб, балки баъди ғуруби офтоб шурӯъ мегардад. «Аз ин рӯ, намози таровеҳи рӯзи якуми Рамазон рӯзи панҷшанбе, 19-уми июл баргузор мешавад», – гуфт манбаъ.

«Шӯрои уламои кишвар аз ҳамаи тоҷирону савдогарон даъват мекунад, ки дар моҳи шарифи Рамазон мувофиқи имкон нархи маҳсулот, пеш аз ҳама маводи ғизоиро арзон кунанд», – гуфтанд дар Шӯрои уламо.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ҳукми Худованд буда, мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.