Бозгашти 5 нафар халабонони тоҷик аз Кобул

Панҷ нафар халабонони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки якуним моҳ дар «асорати» Кобул қарор доштанд, чанде қабл ба ватан баргаштанд. Муддати чанд сол онҳо дар Афғонистон тибқи қарордод бо ширкати Supreme Food, ки нерӯҳои эътилофи байнулмилалиро ба маҳсулоти ғизойӣ таъмин мекунад, фаъолият доштанд. Аммо 1-уми июни соли равон ҳангоми парвоз ба Душанбе пас аз анҷоми […]

ASIA-Plus


Панҷ нафар халабонони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки якуним моҳ дар «асорати» Кобул қарор доштанд, чанде қабл ба ватан баргаштанд.

Муддати чанд сол онҳо дар Афғонистон тибқи қарордод бо ширкати Supreme Food, ки нерӯҳои эътилофи байнулмилалиро ба маҳсулоти ғизойӣ таъмин мекунад, фаъолият доштанд.

Аммо 1-уми июни соли равон ҳангоми парвоз ба Душанбе пас аз анҷоми қарордод ҳукуматдорони Афғонистон ба сафари 12 нафар халабонону ҳайати кормандони техникии тоҷик монеъ шуда, ҳамчунин 2 чархболи МИ-8-ро низ боздоштанд. Каме баъдтар 7 нафар ба ватан баргашта, панҷ нафари дигар муддати якуним моҳ дар манзиле дар канори шаҳри Кобул нигоҳ дошта шуданд. Шиносномаҳои онҳоро гирифта буданд, ки ин барои равуои озодонаи халабонон дар шаҳр мушкилӣ пеш меовард.

Пас аз сафари мақомоти раҳбарии ширкати «Тоҷик Эйр» ва муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон ба Кобул, мушкилот ҳал шуд.

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» он замон як изҳороте пахш намуда, иттилоъ дода буд, ки бинобар сабаби ба вуҷуд омадани баҳсҳо миёни корфармо ва Вазорати нақлиёт ва ҳавопаймоии Афғонистон, фаъолияти беш аз 30 ҳайатҳои кормандони ҳавопаймоҳову чархболҳо боздошта шуд, ки миёни онҳо намояндагони Тоҷикистон, Русия, Украина, Қирғизистон ва Колумбия ҳузур доранд.

«Пас аз ҳаллу фасли масъала ҳайати кормандон ба фаъолияти худ идома медиҳанд», – зикр гардида буд дар изҳорот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.