Н.Абдуллоев: Нимсолаи аввал дар Тоҷикистон 27 ҳукми бегуноҳӣ содир шуд

Нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон аз ҷониби судҳо 27 ҳукми бегуноҳӣ содир гардида, 13 нафар пурра ва 14 нафар қисман бегуноҳ эътироф шуданд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси Суди олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев. «Дар ин давра 3 ҳазору 282 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 4 ҳазору 153 нафар баррасӣ шуд», – гуфт вай. Ёдрас […]

ASIA-Plus


Нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон аз ҷониби судҳо 27 ҳукми бегуноҳӣ содир гардида, 13 нафар пурра ва 14 нафар қисман бегуноҳ эътироф шуданд, – гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси Суди олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев.

«Дар ин давра 3 ҳазору 282 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 4 ҳазору 153 нафар баррасӣ шуд», – гуфт вай.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ба сурати умум оид ба парвандаҳои ҷиноӣ 5 ҳазору 973 ҳукм, аз ҷумла 54 ҳукми бегуноҳӣ содир гардид. Нисбат ба 15 нафар пурра ҳукми бегуноҳӣ татбиқ гардида, боқимонда қисман бегуноҳ эътироф шуданд.

Соли равон дар маҷмӯъ аз ҷониби судҳо 57 ҳазору 588 парвандаҳои ҷиноӣ, гражданӣ, маъмурӣ, оилавӣ ва дигар парвандаҳо баррасӣ шудаанд, ки дар 311 парванда (0.5%) қарорҳои судӣ бекор карда шуданд. «Соли 2011 аз ҷониби судҳо 118 ҳазор парвандаҳои ҷиноӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва оилавӣ баррасӣ шуданд, ки аз онҳо қарорҳои суд дар 415 парванда (0,7%) бекор карда шуданд. Барои муқоиса: соли 2006 фоизи бекоркунии қарорҳои судӣ беш аз 13%-ро ташкил дод», – изҳор кард раиси Суди олӣ.

Мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов гуфт, дар корпуси судии Тоҷикистон 400 нафар судяҳо фаъолият доранд. «Соли гузашта барои ҳар як судя баррасии ҳудуди 300 парванда рост омад», – гуфт ӯ. Бо назардошти рухсатии меҳнатӣ, рӯзҳои истироҳат ва ид, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз судя як парвандаро баррасӣ мекунад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.