Ҳисоботи шуъбаҳои минтақавии «Тоҷикстандарт» дар нимсолаи аввал

Соли равон кормандони Агентии стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи вилояти Суғд ба маблағи умумии беш аз 428 ҳазор сомонӣ зиёда аз 23 тонна маҳсулоти пастсифатро ошкор карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маркази матбуоти «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд Маҳкамбой Каримов хабар дод, маҳсулот пастсифат зимни санҷиш дар марказҳои тиҷоративу бозорҳо ошкор гардида, тамоми маҳсулоти мусодирашуда нобуд […]

Мавлуда Рафиева, Сайраҳмон Назриев


Соли равон кормандони Агентии стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи вилояти Суғд ба маблағи умумии беш аз 428 ҳазор сомонӣ зиёда аз 23 тонна маҳсулоти пастсифатро ошкор карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маркази матбуоти «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд Маҳкамбой Каримов хабар дод, маҳсулот пастсифат зимни санҷиш дар марказҳои тиҷоративу бозорҳо ошкор гардида, тамоми маҳсулоти мусодирашуда нобуд карда шудааст.

«Аз оғози сол ба шуъбаи Агентии «Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд 26 нафар истеъмолгарон дар борани нақзи ҳуқуқашон бо арзу шикоят муроҷиат намуда, тамоми шикоятҳои мавриди баррасӣ ва ба манфиати шаҳрвандон ҳал карда шуданд», – гуфт М.Каримов.

Директори маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон Икромиддин Валиев гуфт, соли равон шумори истеъмолгарони фиребхӯрда аз ҷониби соҳибкорон дар вилояти Хатлон 53 нафарро ташкил додааст. «Чунин қонуншиканиҳо бештар дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ ба вуқӯъ мепайванданд, зеро дар он ҷо фурӯшандагон натанҳо маводи сӯзишвориро камтар медиҳанд, балки ба он боз чизҳои дигареро ҳам омехта месозанд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи И.Валиев, дар нимсолаи аввали соли равон дар вилояти Хатлон 53 далели риоя накардани ҳуқуқҳои истеъмолгарон ба қайд гирифта шуда, қонуншиканон ҷаримабандӣ шудаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.