Боздошти боз як гурӯҳи муташакиили ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи нашъаҷаллобро, ки бо истифода аз нақлиёти ҳавоӣ ба қочоқи маводи мухаддир ба Федератсияи Россия машғул буданд, ошкор ва қатъ карданд. Тавре аз Агентии мазкур абар доданд, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе кормандони Агентӣ дар вақти бақайдгирии чиптаҳои хатсайри Душанбе – Екатеринбург […]

ASIA-Plus


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи нашъаҷаллобро, ки бо истифода аз нақлиёти ҳавоӣ ба қочоқи маводи мухаддир ба Федератсияи Россия машғул буданд, ошкор ва қатъ карданд.

Тавре аз Агентии мазкур абар доданд, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе кормандони Агентӣ дар вақти бақайдгирии чиптаҳои хатсайри Душанбе – Екатеринбург бо гумонбарӣ дар интиқоли қочоқи маводи мухаддир бо усули дохили меъдагӣ шаҳрванди 33-солаи пойтахтро дастгир намуданд. Гумонбаршуда ба Агентӣ оварда шуд ва аз меъдаи вай бо роҳи табиӣ 66 дона ғилофак бо маводи нашъадори навъи афюн гирифта шуд.

Дар рафти тафтиши пешакӣ муайян карда шуд, ки дастгиршуда яке аз иштирокчиёни аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб мебошад.

Дар натиҷаи ташкил ва гузаронидани чораҳои иловагӣ ба кормандони  Агентӣ муяссар гардид, 2 нафар ташкилкунандагони ин ҷиноятро, ки вайро  пайваста бо маводи нашъадор  таъмин мекарданд, муайян ва дастгир намоянд.

Ҳамин тариқ кормандони Агентӣ тавонистанд боз як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро муайян ва дастгир намоянд, ки мехостанд маводи нашъадорро аз кишвари мо ба Федератсияи Россия интиқол диҳанд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур шӯъбаи тафтишотии Агентӣ бо моддаҳои 200 қисми 3 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) ва 289 қисми 2 (қочоқ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Шахсони дастгиршуда ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

Тафтишот дигар иштирокчиёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро муайян менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.