Салимзода: Оид ба ҳодисаи қатли генерал Назаров ҳанӯз касе боздошт нашудааст

Аз рӯйи далели қатли генерал мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноӣ – 104, қ. 2, б. «б», «е» (Одамкушии шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ), 199, қ. 4, б. «а», «б» (Тасарруфи  яроқ) ва 328, қ. 2 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парвандаи ҷиноӣ боз шуд, – гуфт имрӯз зимни нишасти хабарӣ прокурори […]

ASIA-Plus


Аз рӯйи далели қатли генерал мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноӣ – 104, қ. 2, б. «б», «е» (Одамкушии шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ), 199, қ. 4, б. «а», «б» (Тасарруфи  яроқ) ва 328, қ. 2 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парвандаи ҷиноӣ боз шуд, – гуфт имрӯз зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода.

«Ба гумонбарии даст доштан дар содир намудани ҷинояти мазкур ҳанӯз касе боздошт нашудааст», – таъкид кард ӯ.

Ба гуфтаи Салимзода, барои тафтиши қазияи мазкур таҳти сарварии сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Хайрулло Саидов як гурӯҳи тафтишотӣ ба Хоруғ фиристода шудааст.

Ба савол дар хусуси фарзияҳои куштор прокурори генералӣ фарзияи расмӣ – куштор бо мақсади рӯйпӯш сохтани ҷинояти марбут ба қочоқи маҳсулоти тамокуро, ки худи ҷинояткорон дар он даст доранд, хотирнишон кард.

Пас аз посух ба саволи аввали журналистон Шерхон Салимзода шитобкорона толори нишасти матбуотиро бинобар сабаби ба ҳукумат ба машварат даъват шуданаш тарк гуфт. Аз эҳтимол дур нест, ки даъвати машварати таъҷилӣ маҳз ба ҳодисаи мазкур рабт дорад.

Ёдрас мекунем, ки зимни бозгашт аз сафари хидматӣ аз ноҳияи Ишкошим автомашинаи генерал А.Назаровро шахсони номаълум боздошт намуда, ӯро аз мошин берун меоранд ва бо корд якчанд зарбаҳои марговар мезананд.

 

То соли 2010 Абдулло Назаров ба ҳайси муовини раиси КДАМ фаъолият намуда, қаблан роҳбарии Раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро ба уҳда дошт.

Моҳҳои июл ва ноябри соли 2010 матбуоти Қирғизистон генерал-майор А.Назаровро дар паноҳгоҳ додан ба хешовандону наздикони собиқ президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев муттаҳам карда буданд. Он замон ӯ тамоми иттиҳомотро рад намуда, изҳор дошта буд, ки он ба муташанниҷ сохтани вазъ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.