Вохӯриҳои намояндаи Хадамоти муҳоҷират бо муҳоҷирони Волгоград

Роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев аз вилояти Волгоград боздид намуда, бо шароити кор ва будубоши муҳоҷирони кории тоҷик аз наздик ошно гардид. Бино ба маълумоти намояндагии мазкур, дар ҷараёни сафар А.Одинаев бо фаъолияти корхонаҳои бахши кишоварзии ин вилоят – ҶДММ «Агропрогресс» ва ҶДММ «Карповский», ки дар ин хоҷагиҳо 345 […]

Аваз Юлдошев


Роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев аз вилояти Волгоград боздид намуда, бо шароити кор ва будубоши муҳоҷирони кории тоҷик аз наздик ошно гардид.

Бино ба маълумоти намояндагии мазкур, дар ҷараёни сафар А.Одинаев бо фаъолияти корхонаҳои бахши кишоварзии ин вилоят – ҶДММ «Агропрогресс» ва ҶДММ «Карповский», ки дар ин хоҷагиҳо 345 нафар муҳоҷирон аз вилояти Суғд кору зиндагӣ доранд, шинос шуд.

«Зимни мулоқот бо роҳбарони хоҷагиҳои мазкур масоили вазъи кор ва зиндагии муҳоҷирон, қонунӣ гардонидани будубоши онҳо дар қаламрави вилоят, мутобиқати иҷтимоии онҳо ба муҳити фарҳангии ҷомеаи Русия ва таҳкими ҳамкориҳо бо диаспораи тоҷикон баррасӣ шуданд», – гуфтанд дар намояндагӣ.

А.Одинаев ҳамчунин бо иҷрокунандаи вазифаи вазири меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Волгоград гуфтушунид анҷом дода, дар вохӯрӣ перомуни қаблан ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ мувофиқа ҳосил шуд.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари намояндагӣ бо толибилмон (курсантҳо)-и тоҷик, ки дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Волгоград таҳсил мекунанд, низ вохӯрӣ гузаронид. Айни замон дар ин Академия 43 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.