Изҳороти Тетис дар бораи афзоиши захоири нафт дар Тоҷикистон

Ширкати «Тетис Петролеум Лимитед» хабар медиҳад, ки дар бораи захоири дороиҳои худ дар Тоҷикистон Гузориши нави мустақил дастрас намудааст. Дар иттилоияи интишоргардидаи ширкат зикр мегардад, ки он майдони ҳудуди 35 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, мутобиқи гузориш, захоири нафти он 27,5 млрд. баррел нафтро ташкил медиҳад. Гузориш дар бораи захираҳоро фирмаи Gustavson Associates (ИМА) мутобиқи […]

ASIA-Plus


Ширкати «Тетис Петролеум Лимитед» хабар медиҳад, ки дар бораи захоири дороиҳои худ дар Тоҷикистон Гузориши нави мустақил дастрас намудааст.

Дар иттилоияи интишоргардидаи ширкат зикр мегардад, ки он майдони ҳудуди 35 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, мутобиқи гузориш, захоири нафти он 27,5 млрд. баррел нафтро ташкил медиҳад.

Гузориш дар бораи захираҳоро фирмаи Gustavson Associates (ИМА) мутобиқи талабот дар бораи ҳисоботнокии стандарти N1 51-101, ки аз ҷониби мақомоти танзими коғазҳои қимматноки Канда тасдиқ шудааст, омода кардааст.

Гуфта мешавад, тобистони имсол марҳилаи ниҳоии барномаи сейсмикӣ дар Тоҷикистон оғоз мегардад. Он ҷо аллакай таҷҳизот фиристода шуда, аз натиҷаҳои аввал дар семоҳаи 4-уми соли равон интизорӣ меравад. Пас аз анҷоми барномаи сейсмикӣ ин маълумот ба муайян кардани ҷойи чоҳи аввали пармаи чуқур, ки ширкат анҷом доданист, кӯмак хоҳанд кард.

Айни замон ширкати Тетис Петролеум Лимитед ба корҳои иктишоф ва коркарди конҳои нафту газ дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машғул аст. Дар Тоҷикистон корҳои иктишофӣ ва ҷустуҷӯӣ дар минтақаҳои Бохтар, Бештентияк, Узнохор, Пушиёни ҷанубӣ ва Хоҷа Сартез анҷом дода мешаванд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.