Қадрдонии президенти нахустини Тоҷикистон бо ордени тиллои АБП ИДМ

Президенти нахустини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов барои саҳми босазо дар рушду таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ба ордени тилои «Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-20 сол» сарфароз гардонида шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шавкат Саидов хабар дод, раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва собиқ раиси палатаи поёнии парлумони кишвар, феълан аъзои Маҷлиси миллӣ […]

Аваз Юлдошев


Президенти нахустини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов барои саҳми босазо дар рушду таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ба ордени тилои «Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-20 сол» сарфароз гардонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шавкат Саидов хабар дод, раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва собиқ раиси палатаи поёнии парлумони кишвар, феълан аъзои Маҷлиси миллӣ Сайдулло Хайруллоев низ бо чунин медал қадрдонӣ шудаанд.

Ба гуфтаи Шавкат Саидов, раиси вилояти Суғд, муовини раиси палатаи болоии парлумон Қоҳир Расулзода ба мукофоти олии ИДМ – ордени «Иттиҳод» ва аъзои Маҷлиси миллӣ Мамадшо Илолов ва Хусрав Абдуназаров бо медалҳои нуқраи «АБП ИДМ-20 сол» сазовор дониста шудаанд.

«Раиси ВМКБ ва ҳамзамон муовини раиси палатаи болоии парлумон Қодири Қосим, раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллӣ Ғайбулло Афзалов, собиқ узви Маҷлиси миллӣ ва феълан муовини аввали нахуствазир Матлубхон Давлатов, собиқ узви Маҷлиси миллӣ, вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов бо ифтихорномаҳои АБП ИДМ қадрдонӣ шуданд», – зикр кард Саидов.

Ба қавли номбурда, аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон Абдулҳафиз Азизов ва Садриддин Шарифов ба ифтихорномаҳои АБП Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё сазовор дониста шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.