Тоҷикобод. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз дар ноҳияи Тоҷикобод нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба андозаи 87 дарсад ба иҷро расидааст.
Тавре комиссари низомии ноҳия Эмомҳасан Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи нақша дар ин маърака аз ноҳия 20 нафар ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, даъватшудагон ҷиҳати муайян кардани коршоямии онҳо ба хизмат, ҳам дар ноҳия ва ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. «Боварӣ дорам, ки то ахири моҳи ноябр мо аз иҷрои нақша бо сарбаландӣ хоҳем баромад», – афзуд Э.Раҷабов.


