М.Убайдуллоев аз сохторҳои ширкати «Барқи тоҷик» ҷуброн намудани зарари ба аҳолӣ расонидаро тақозо кард

Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ ҷиҳати баррасии масоили хоҷагидории пойтахт таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки масъулини сохторҳои дахлдор доир гардид. Бо инобати мубрамияти масъалаи зимистонгузаронӣ ва ҳар чӣ хубтар ташкил намудани хизматрасониҳо дар ин самт ва аз […]

root


Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ ҷиҳати баррасии масоили хоҷагидории пойтахт таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки масъулини сохторҳои дахлдор доир гардид.




Бо инобати мубрамияти масъалаи зимистонгузаронӣ ва ҳар чӣ хубтар ташкил намудани хизматрасониҳо дар ин самт ва аз ҷониби сохторҳои масъули хизматрасон бояд корҳои нақшавӣ анҷом дода шавад, таваҷҷӯҳи ҳозирини ҷаласа бинобар шурӯъ шудани мавсим ба вазъи воқеӣ ва натиҷаҳои нахустини омодагиҳои суратгирифта нигаронида шуд.



Бо хулоса аз натиҷаи гузориши мудири шӯъбаи арзу шикоятҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳр

 

Ҷамшед Кабиров оид ба мӯҳтавои муроиҷатҳои воридшудаи шаҳрвандон дар ҳафтаи сипаригашта, ки аз 297 муроҷиат 240 адади он бобати камбуди интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ аз ҷониби зерсохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» дар шаҳри Душанбе ворид шудааст, аз самараи корҳои анҷомдодаи ин сохтори хизматрасон изҳори нигаронӣ кард.




 


          

Зикр гардид, ки бо вуҷуди ворид нашудани сардиҳои зимистон ҳамарӯза қатъшавии интиқоли барқ дар шаҳраку маҳаллаҳои алоҳидаи пойтахт тавре муроҷиатҳо шаҳодат медиҳанд, пайваста меафзояд ва дурнамои хизматрасонии ҶС «Шабакаҳои барқи Душанбе» ва иҷрои вазифаҳои таъинотии он дар фасли сармо норавшан мемонад.




           

Маҳмадсаид Убайдуллоев барои ислоҳи вазъ ва баланд бардоштани масъулияти хизматрасонию иҷрои вазифаҳои таъинотӣ аз ҷониби

 

ҶС «Шабакаҳои барқи Душанбе» ба раисони ноҳияҳои пойтахт дастур фармуд, ки барои таъмин накардани талаботҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», ин сохтори зертобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба суд кашида шавад то зарари ба аҳолӣ расонидаро ҷуброн намоянд.




           

Дар ҷаласа, ҳамзамон таъкид рафт, ки Маркази истеҳсоли барқу гармии шаҳри Душанбе бинобар камбуди гази табиӣ ҳамагӣ ба миқдори 50%-и нақшаи пешбинишуда

 

феълан гармӣ истеҳсол мекунад, ки ҳолати мавҷуда дастрасии нақшавии иншооти бо оби гарм таъминшавандаро дар пойтахт коҳиш медиҳад. Корҳои таҷдиди дегхонаи «Ғарбӣ»-и Марказ оид ба гузаронидани фаъолияти он ба сӯзишвории моеии сунъии композитии ангиштӣ

 

шурӯъ гардида, истифодаи ҳар чӣ бештари он проблемаҳои биноҳои баландошёнаи ноҳияи Синоро ҳал хоҳад кард.




           

Бо дахли масоили бо гармӣ таъмин будани муассисаҳои зертобеи соҳаи маориф, тандурстӣ ва фарҳанг новобаста аз рақамҳои гӯёи ҳисоботии масъулин, дастур гардид, ки ҳолати воқеӣ аз ҷониби комиссияҳои депутатӣ бо иштироки масъулини вазоратҳои дахлдор дар мӯҳлати се рӯз санҷидашуда ба Раиси шаҳр ахборот пешниҳод карда шавад.



Дар ин бора котиби матуботии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.