Ӯзбекистон 60 дарсади қарзи Тоҷикистонро аз нерӯи барқи соли гузашта баргардонд

Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба баргардонидани 100 млн. кВт/соат қарзи аз нерӯи барқи соли гузашта боқимондаро ба Тоҷикистон шурӯъ кардааст ва аллакай 60 дарсади онро баргардонидааст. Ёдовар мешавем, мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, кишвари мо дар давраи тирамоҳу зимистон аз […]

Виктория Наумова


Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба баргардонидани 100 млн. кВт/соат қарзи аз нерӯи барқи соли гузашта боқимондаро ба Тоҷикистон шурӯъ кардааст ва аллакай 60 дарсади онро баргардонидааст.




Ёдовар мешавем, мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, кишвари мо дар давраи тирамоҳу зимистон аз Ӯзбекистон ба миқдори 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ мегирад ва ба ивази он дар давраи баҳору тобистон ба Ӯзбекистон 900 млн. кВт/соат нерӯи барқ иниқол медиҳад.



Бино ба иттилои манбаъ, аз соли гузашта Ӯзбекистон ба миқдори 100 млн. кВт/соат аз Тоҷикистон қарздор мондааст ва феълан онро баргардонида истодааст. «Ҳамарӯза 1-2 млн. кВт/соат барқи Ӯзбекистон аз ин ҳисоб ба ҷумҳурии мо интиқол дода мешавад», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки бо пардохти қарз мӯҳлати амали қарордод низ ба анҷом мерасад.



Зикр гардид, ки то ахири соли ҷорӣ ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар доир мегардад ва дар он қарордоди нав оид ба таъмини нерӯи барқ дар соли оянда ба имзо хоҳад расид.



Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», ҳамарӯза ба ҷумҳурӣ тақрибан 8 млн. кВт/соат барқи Туркманистон интиқол дода мешавад. «Дар дохили кишвар дар як шабонарӯз ҳудуди 40 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад»,- афзуд манбаъ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.