Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» татбиқи лоиҳаи навбатиро ба анҷом расонид

            Душанбе. 18 ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – А малисозии лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳамкорӣ ва шаффофият» аз ҷониби мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI » ба анҷом расид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари Мактаби рӯзноманигорӣ Сафо Сафаров иттилоъ дод, мақсади асосии тарҳи мазкур баланд бардоштани сатҳи касбият ва ба роҳ мондани ҳамкории […]

Баҳром Маннонов


            Душанбе. 18 ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – А

малисозии лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳамкорӣ ва шаффофият» аз ҷониби мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри



XXI


» ба анҷом расид.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари Мактаби рӯзноманигорӣ Сафо Сафаров иттилоъ дод, мақсади асосии тарҳи мазкур баланд бардоштани сатҳи касбият ва ба роҳ мондани ҳамкории самарабахши кормандони расонаҳои хабарӣ ва марказҳои матбуотии мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.



Ба гуфтаи сарчашма, ин лоиҳаи Мактаби рӯзноманигорӣ тӯли 6 моҳ амалӣ карда шуда, зимнан 3 мизи мудаввари


«Ҳамкории ВАО ва марказҳои матбуотӣ: дастовардҳо ва дурнамо», инчунин сислсилаи давраҳои омӯзишӣ барои 40 нафар рӯзноманигорон ва котибони матбуотӣ гузаронида шуданд.



«Дар чорабиниҳои лоиҳавӣ намояндагони

дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, масъулини марказҳои матбуотии сохторҳои давлатӣ, парлумон ва додгоҳ, кормандони ВАО ва созмонҳои журналистӣ, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ширкат варзиданд, – афзуд С.Сафаров.

– Аз рӯи натоиҷи мизҳои мудаввар «Ёддошти тафоҳум» миёни кормандони марказҳои матбуотии мақомоти давлатӣ ва ВАО-и кишвар ба имзо расида, ҷиҳати омӯзишу баррасӣ ба

дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ

ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол гардид».



«Боз як ҷанбаи муҳим он аст, ки Мактаби мустақили рӯзноманигории

«Тоҷикистон – асри



XXI


»


тавассути пурсишномаи таҳиякардаи худ баҳогузории намояндагони ВАО ва марказҳои матбуотии сохторҳои давлатиро ба фаъолияти ҳамдигар муайян намудааст, ки он рӯзҳои наздик натиҷагирӣ ва тариқи расонаҳо интишор мегардад», – таъкид дошт сарвари Мактаби рӯзноманигорӣ.



Ҳамзамон ба қавли С.Сафаров, зимни

татбиқи

лоиҳа

дастури ягонаи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳамкорӣ ва шаффофият» ба ду забон – то



ҷ


ик


ӣ


ва рус


ӣ


таҳияву нашр карда шудааст, ки фарогири тавсияҳои амалӣ барои рӯзноманигорону котибони матбуотӣ ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.






 


          

Қобили зикр аст, ки тарҳи мазкур

бо дастгирии Кумитаи Норвежии Ҳелсинки амалӣ гардидааст.





Маълумотнома:




Ташкилоти



ҷ


амъиятии «Мактаби мустақили р


ӯ


зноманигории «То


ҷ


икистон – асри


XXI


» дар моҳи июни соли 1999 таъсис гардидааст. Ҳадафи созмон баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон, рушди бозори иттилоотии Тоҷикистон, ҳамчунин тақвияти рақобатпазирии ВАО-и кишвар аст.



Дар давоми фаъолияти худ ММР

«То



ҷ


икистон – асри


XXI


» ҳудуди 20 лоиҳаро амалӣ кардааст, ки дар шумори онҳо тарҳи фаромарзии «Тоҷикистон – Афғонистон: Пулҳои дӯстӣ», «Рӯзноманигории нав дар Тоҷикистони нав», «Раҳбарӣ дар ВАО», «Маркази захираҳои журналистӣ» ва ғайра мебошанд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳо тренингу семинар ва давраҳои омӯзишӣ ҷиҳати боло бурдани малакаи рӯзноманигорон, омӯзонидани назокатҳои истифода аз фановариҳои иттилоотию компутарӣ, меъёрҳои ахлоқи журналистӣ ва ҷанбаҳои дигари касбӣ гузаронида шуданд.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.