Ахири моҳи ноябр таъмини Тоҷикистон бо гази моеъ барқарор мегардад

Date:



           

Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори департаменти таъминот бо маҳсулоти нафту газ ва ангишти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Ёраҳмад Бекаҳмадов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки таъминот бо гази табиӣ, ки 10 рӯз пеш қатъ гашта буд, баъд аз таърихи 20-уми ноябр барқарор хоҳад шуд.





           

Ба қавли ӯ, талаботи нақлиёт ва аҳолии кишвар ба гази моеъ ҳамарӯза то 40 тоннаро ташкил медиҳад. «Таъминкунандагони асосии Тоҷикистон бо гази моеъ ҶДММ «ТоҷИрон» ва ҶДММ «Газпром нафт-Тоҷикистон» (корхонаи фаръии ҶСК «Газпром нафт») мебошанд. Доир ба шарҳи сабаби қатъ гаштани таъминот номбурда чизе нагуфт.




           

Қобили зикр аст, ки тайи ду ҳафтаи ахир норасоии гази моеъ дар кишвар шадидан эҳсос мегардад. Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш кард, то аз ширкатҳои дар боло зикргардида доир ба иллати қатъи таъминоти гази моеъ маълумоте ба даст орад, вале он муяссараш нагардид. Дар ҶДММ «ТоҷИрон» аз пешниҳоди маълумоти зарурӣ худдорӣ карда, телефонҳои ҶДММ «Газпром нафт-Тоҷикистон» ба иллати напардохтани ҳаққи хизматрасонӣ хомӯш карда шуда буданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...