Бонки исломии рушд ҷиҳати коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ $1,2 млн. маблағ ҷудо карданист

            Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта вохӯрии муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Шукрулло Раҳимназаров бо намояндагони Бонки исломии рушд баргузор шуд.             Тавре сухангӯи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот масоили рушди иқтисоду бахши кишоварзӣ ва роҳҳои паст кардани сатҳи камбизоатии мардуми деҳоти ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта вохӯрии муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Шукрулло Раҳимназаров бо намояндагони Бонки исломии рушд баргузор шуд.





           

Тавре сухангӯи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот масоили рушди иқтисоду бахши кишоварзӣ ва роҳҳои паст кардани сатҳи камбизоатии мардуми деҳоти ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




           

Ба иттилои манбаъ, намояндаи бонк Ҳикмат Алиев изҳор доштааст, ки дафтари намояндагии бонк ҷиҳати муайян сохтани мизони камбизоатии аҳоли деҳоти Тоҷикистон таҳқиқот мегузаронад.




           

«Ҳ.Алиев ҳамчунин зикр кард, ки оянда бонк ният дорад, бо ин мақсад ҷиҳати харидани тухмии хушсифату серҳосили гандум ва тақсими он дар байни аҳолии деҳот 1,2 млн. доллари амрикоӣ маблағ ихтисос диҳад», – афзуд сарчашма.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.