Гумонбари қатли Х.Сафаров худро бегуноҳ мегӯяд

Гумонбари қатли Холмӯъмин Сафаров аз баёнотҳое, ки қаблан дар содир намудани ин ҷиноят дода буд, даст кашид. Ӯ дар қатли ҳамсари хоҳари президенти ҷумҳурӣ гумонбар дониста мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокатҳои гумонбаршуда – Д.К. хабар доданд, чанде қабл зимни баргузории амали тафтишотӣ дар қаламрави бинои тавқифгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ӯ изҳор кардааст, […]

ASIA-Plus


Гумонбари қатли Холмӯъмин Сафаров аз баёнотҳое, ки қаблан дар содир намудани ин ҷиноят дода буд, даст кашид. Ӯ дар қатли ҳамсари хоҳари президенти ҷумҳурӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокатҳои гумонбаршуда – Д.К. хабар доданд, чанде қабл зимни баргузории амали тафтишотӣ дар қаламрави бинои тавқифгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ӯ изҳор кардааст, ки гуноҳ надорад.

Адвокатҳо мегӯянд, сабаби иқрор шудани Д.К. дар содир намудани ҷинояти мазкур истифодаи шиканҷа нисбат ба ӯ аз рӯзи нахусти боздошт дар бинои Раёсати кофтуови ҷиноии ВКД ҶТ будааст.

Ҳангоми баргузории амали тафтишотӣ Д.К. дар бораи аз ҷониби кӣ ва бо кадом тарз истифода шудани методҳои ғайриқонунии тафтишот маълумоти муфассал додааст. Ба эътиқоди ӯ, дар истифодаи шиканҷа нисбат ба ӯ мансабдорони воломақоми ВКД ва КДАМ-и ҷумҳурӣ даст доранд.

Адвокатҳо ҳамчунин хабар доданд, ки гумонбаршуда то ҳол дар тавқифгоҳи муваққатии  Раёсати ВКД ҶТ нигоҳдорӣ мешавад, ки ин дағалона вайрон кардани меъёрҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятии ҶТ мебошад. Кормандони хадамоти фаврии ВКД ҳамеша дар наздаш буда,  ба ӯ фишори рӯҳӣ оварда мешавад ва нисбати наздикону хешовандонаш таҳдидҳо садо медиҳанд.

«Мо чунин мешуморем, ки ӯро дидаву дониста ба тавқифгоҳи муваққатии Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия интиқол намедиҳанд, зеро дар ин муассиса кормандони хадамоти фаврӣ ба чунин дастрасии озод ба зерҳимояи мо имкон надоранд. Мо ҳамчунин аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ даъват мекунем, ки аз ин қазия худро канор нагиранд», – изҳор доштанд адвокатҳои гумонбаршуда.

Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.

Чанд рӯз қабл Созмони ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) нисбати ин қазия изҳори нигаронӣ намуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.