Муҳоҷирати беш аз 446 ҳазор тоҷикистониён дар 6 моҳ

spot_imgspot_img

Дата:


Дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳудуди 500 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қаламрави кишварро тарк карданд, ки аз ин шумор беш аз 446 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд.

Сардори Хадамоти матбуоти назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки дар нимсолаи аввал каме бештар аз 14 ҳазор нафар тоҷикистониён бо мақсади тиҷорат, 3,6 ҳазор нафар баҳри таҳсил, 5,1 ҳазор нафар ба сайёҳӣ, 26,7 ҳазор нафар бо корҳои шахсӣ ва беш аз 3,3 ҳазор нафар ба сафарҳои хидматӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд.

«Миёни муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёркардагон 410 ҳазор нафарашонро мардон ва зиёд аз 36 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар нимсолаи аввал беш аз 232 ҳазор нафар шаҳрвандон аз муҳоҷирати корӣ баргаштанд, ки ҳудуди 35 ҳазор нафарашон занон мебошанд», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, сардори Хадамоти муҳоҷират таъкид кард, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон аз қаламрави Тоҷикистон 186 нафар муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ хориҷ карда шуданд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...