Қирғизистон нигаҳбонии марз бо Тоҷикистонро пурзӯр кард

Дар робита ба вазъи муташанниҷ дар Тоҷикистон, нерӯҳои марзбонии кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба низоми пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Дар ин бора КирТАГ бо истинод ба сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Қирғизистон Гулмира Борубоева хабар медиҳад. «Дар самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони марзи Тоҷикистону Қирғизистон нерӯҳои марзбонӣ ба низоми пурзӯри адои хизмат […]

ASIA-Plus


Дар робита ба вазъи муташанниҷ дар Тоҷикистон, нерӯҳои марзбонии кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба низоми пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Дар ин бора КирТАГ бо истинод ба сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Қирғизистон Гулмира Борубоева хабар медиҳад.

«Дар самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони марзи Тоҷикистону Қирғизистон нерӯҳои марзбонӣ ба низоми пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Аммо оид ба иҷозати убури шаҳрвандон тавассути марз ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашудааст. Оид ба таъмини амният чораҳои иловагӣ андешида шуданд», – изҳор кардааст У.Борубоева.

Ба гуфтаи ӯ, хадамоти нерӯҳои марзбонии Қирғизистон вазъ дар кишвари ҳамҷаворро пайгирӣ доранд. Дар марз назорат пурзӯр шуда, нерӯҳои иловагӣ оварда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки шаби гузашта дар Хоруғ нисбатан ором сипарӣ шуд. Реҷаи оташбас, ки рӯзи 25-уми июл эълон шуда буд, риоя мешавад. Шаби гузашта ҳеҷ задухӯрд, бахусус задхӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта нашудааст. Субҳи имрӯз хабар расид, ки нимаи дуюми рӯз ҷангиёни гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ба супурдани аслиҳа шурӯъ мекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.