Нигаронии Иттиҳоди Аврупо аз рӯйдодҳои ахир дар ВМКБ

Иттиҳоди Аврупо рӯйдодҳои ҷадид ва гузоришҳо оиди қурбониҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суратгирифта изҳори нигаронӣ менамояд, – зикр мегардад дар изҳори интишорнамудаи Иттиҳоди Аврупо. «Мо умедворем, ки зиддияти мусаллаҳ бино ба рӯй надодани талафотҳои минбаъда ҳар чӣ зудтар қатъ мегардад. Мо аз мақомотҳои ҳокимият ба барқарорсозии воситаҳои алоқа, таъмини бехатарӣ ва муҳайё кардани шароити […]

ASIA-Plus


Иттиҳоди Аврупо рӯйдодҳои ҷадид ва гузоришҳо оиди қурбониҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суратгирифта изҳори нигаронӣ менамояд, – зикр мегардад дар изҳори интишорнамудаи Иттиҳоди Аврупо.

«Мо умедворем, ки зиддияти мусаллаҳ бино ба рӯй надодани талафотҳои минбаъда ҳар чӣ зудтар қатъ мегардад. Мо аз мақомотҳои ҳокимият ба барқарорсозии воситаҳои алоқа, таъмини бехатарӣ ва муҳайё кардани шароити мусоид барои расондани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии ғайринизомӣ, ва инчунин ташкил сохтани гузаргоҳ барои хоҳишмандони тарки доираи амалиёти ҳарбӣ даъват менамоем», – омадааст дар изҳорот.   

Дар изҳорот зикр мегардад, Иттиҳоди Аврупо изҳори нигаронӣ инчунин ҷиҳати оқибатҳои эҳтимолии рӯйдодҳои мазкур менамояд, ва аз тарафайни муҳориб дархост мекунад, ки то зоҳири худдорӣ намоянд ва инчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, то бо максади таъминкунии устуворӣ дар минтақа нақшаи амалиёт ва чорабиниҳои мувофиқ ва мутаносибро андешад.

Мо ҳамчунин зарурати риояи озодии ақида ва андеша, ва ҳуқуқи дастрасии иттилоот ба мардум таъкид менамоем.  Ба назардошти ин, Иттиҳоди Аврупо ба нигаронии Намояндаи САҲА оид ба масоили озодии васоити ахбори умум дар изҳороти матбуотии 24 июли соли 2012 дар бораи муҳосираи муваққатии сомонаи Агентии хабарии Азия-плюс дар Тоҷикистон ҳамфикр мебошад. Мо бори дигар назари дар изҳороти 8 марти соли 2012 овозкардаи худ дар ҷавоб ба муҳосираи як қатор сомонаҳои дигар аз тарафи мақомотҳои ҳокимияти Тоҷикистон таъкид менамоем.  Бо назари Намояндаи САҲА оид ба масоили озодии васоити ахбори умум оиди новобаста ба қонунияти масоили бехатарӣ бояд барои маҳдуд намудани чараёни иттилоъ асос набошанд, розигии комили хешро изҳор менамоем. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.