Бозгашти гурӯҳи нахусти сайёҳони хориҷӣ аз Бадахшон

 Гурӯҳи нахустини сайёҳони хориҷии иборат аз шаҳрвандони Фаронсаву Олмон, ки ҳангоми амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ қарор доштанд, ба шаҳри Душанбе баргаштанд, – иттилоъ медиҳад хадамоти бахши русии хабаргузории Би-Би-Сӣ. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун, айни замон дар Бадахшон даҳҳо нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳузур доранд, ки қисмати зиёди онҳо кӯчонида шудаанд. Қаблан хабар дода […]

ASIA-Plus


 Гурӯҳи нахустини сайёҳони хориҷии иборат аз шаҳрвандони Фаронсаву Олмон, ки ҳангоми амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ қарор доштанд, ба шаҳри Душанбе баргаштанд, – иттилоъ медиҳад хадамоти бахши русии хабаргузории Би-Би-Сӣ.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун, айни замон дар Бадахшон даҳҳо нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ ҳузур доранд, ки қисмати зиёди онҳо кӯчонида шудаанд.

Қаблан хабар дода будем, ки дар шаҳри Хоруғ ҳудуди 100 нафар сайёҳон боқӣ мондаанд, ки асосан шаҳрвандони кишварҳои Аврупо, ИМА ва Канада мебошанд. Зикр гардида буд, ки дар Хоруғ ва гирду атрофи он сайёҳон хеле зиёданд, аммо аз вазъи будубоши онҳо чизе маълум нест, зеро робита бо онҳо ғайриимкон аст.

Сайёҳон аз Фаронса Софи ва Дейв ҳикоят кардаанд, ки муддати тамоми шабонарӯз дар меҳмонхона будаанд. Онҳо гуфтаанд, ки дар шаҳри Хоруғ таъминот бо обу барқ ва иртиботи телефонӣ қатъ гардида, аз шунидани тирпаррониву таркишҳо хеле дар ҳарос афтодаанд. Дар роҳ онҳо манзилҳои харобшудаву оташгирифта, танкҳои сӯхташуда ва издиҳоми зиёди низомиёну аҳолии осоиштаро мушоҳида кардаанд.

Би-Би-Сӣ менависад, рӯзи чоршанбе дар мавзеи Поршнев, ки начандон дуртар аз Хоруғ воқеъ аст, эҳтимол аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматӣ ба сӯйи сокинони деҳа, ки ба кори саҳро баромада буданд, тир холӣ карда мешавад. Зикр мегардад, ки миёни сокинони маҳаллӣ кушташудагону ҷароҳатбардоштагон ҳастанд. Сокинони деҳаи Поршнев ба нишони эътироз роҳи самти Хоруғро бо сангҳо бастаанд.

Ҳамчунин дар хусуси тирпаррониҳо дар мавзеи Калотаи ноҳияи Рӯшон иттилоъ дода мешавад. Эҳтимол меравад, ки тирпарронӣ аз ҷониби Афғонистон сурат гирифта бошад. Бар асари тирпарронӣ аъзои гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) осеб дидаанд, ки он замон дар қаҳвахонаи сари роҳ ғизо тановул мекардаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар Хоруғ ва мавзеъҳои атрофи он беш аз 30 ҳазор нафар иқомат доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.