Мораторияи оташбас то пагоҳ тамдид карда шуд

Радиои «Озодӣ» хабар медиҳад, ки як манбаи наздик ба ҳукумати Бадахшон дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ба гурӯҳҳои мусаллаҳ фурсат дода шуд, ки то нимаи рӯзи шанбе силоҳҳои худро ба замин гузоранд. То ин муҳлат намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ бояд аслиҳаи худро супурда, таслим шаванд. Ба иттилои манбаъ, вазъ ба сурати умумӣ дар Хоруғ ором аст ва […]

ASIA-Plus


Радиои «Озодӣ» хабар медиҳад, ки як манбаи наздик ба ҳукумати Бадахшон дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ба гурӯҳҳои мусаллаҳ фурсат дода шуд, ки то нимаи рӯзи шанбе силоҳҳои худро ба замин гузоранд. То ин муҳлат намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ бояд аслиҳаи худро супурда, таслим шаванд.

Ба иттилои манбаъ, вазъ ба сурати умумӣ дар Хоруғ ором аст ва гаштугузори мардум дар хиёбонҳо ҳангоми рӯз бештар шудааст. Мағозаҳо боз буда, субҳи имрӯз терминали Хоруғ ба кор шурӯъ кард ва аз истгоҳи нақлиёти инҷо мусофирон ба тарафи Душанбе ҳаракат карданд. Зикр мегардад, ки зиндагӣ то андозае ба маҷрои маъмулӣ медарояд.

Қаблан як манбаъ аз ВКД ҶТ хабар дода буд, ки имрӯз то соати 12-и рӯз намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ мебоист аслиҳаи худро ба кормандони Раёсати умури дохилии Бадахшон месупориданд, вале дар ҷойи пешакӣ таъингардида ҳозир нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаи интернет ҳарчи бештар аксу наворҳои видеоӣ аз рӯйдодҳои ахири Хоруғ пайдо мешаванд. Чанде пеш акси бинои мактаб-интернати оташгирифта гузошта шуда буд. Имрӯз хабаргузории Рейтер аксеро аз маросими ба хок супурдани ҳалокшудагон зимни амалиёти низомӣ манзур кардааст.



Акс аз

 

 Рейтер

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Зарари офатҳои табиии ду рӯзи охир ба сокинони чанд шаҳру навоҳии Тоҷикистон

Ду рӯзи ахир дар пайи боришоти шадиди борон дар чандин шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сел омада, ба сокинон хисорот расонидааст. Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати...

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.