Суғд: Парвандаи 56 нафар аъзои созмонҳои ифротгаро ба суд ирсол гардид

Дар нимсолаи аввали соли равон 56 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба аъзои созмонҳои динии ифротгароӣ, ки сокинони вилояти Суғд мебошанд, ба суд ирсол гардид. Зимни нишасти хабарӣ прокурори вилоят Шариф Қурбонов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки 56 нафари гумонбаршуда ба узвият дар созмонҳои ифротгароӣ дар ҳафт парвандаи ҷиноӣ ҳузур доранд. «Миёни онҳо 54 […]

Мавлуда Рафиева


Дар нимсолаи аввали соли равон 56 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба аъзои созмонҳои динии ифротгароӣ, ки сокинони вилояти Суғд мебошанд, ба суд ирсол гардид.

Зимни нишасти хабарӣ прокурори вилоят Шариф Қурбонов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки 56 нафари гумонбаршуда ба узвият дар созмонҳои ифротгароӣ дар ҳафт парвандаи ҷиноӣ ҳузур доранд.

«Миёни онҳо 54 нафар ба узвият дар созмони  «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ва ду нафар ба даст доштан дар фаъолияти ҳизби ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» гумонбар дониста мешаванд», – гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, аз оғози сол дар мақомоти прокуратураи вилоят 293 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки 54 адади он хусусияти коррупсионӣ доранд.

Ба қавли Ш.Қурбонов, дар ин давра тибқи натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 1894 таъинот ва 735 пешниҳод содир шуда, барои бекор кардани қарорҳои ғайриқонунӣ 1169 эътироз оарда шудааст.

Ба гуфтаи прокурор, дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдор 901 нафар шаҳрвандон ба ҷавобгарии интизомӣ, 424 тан ба ҷавобгарии молиявӣ ва 2351 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шудаанд.

Прокурори вилоят зикр кард, ки дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 36,8 гектар замини мавриди истифодаи ғайриқонунӣ қарордошта ба ҳолати аввалаашон баргардонида шуданд.

«Пас аз дахолати прокурорӣ ҳаҷми зарари расонидашуда ба давлат ба маблағи беш аз 30,9 млн. сомонӣ рӯёнида шуд, ки маблағи андозҳои пардохтнашуда 17,4 млн. сомониро ташкил дод», – афзуд Ш.Қурбонов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.