Интиқоли ҷасадҳои муҳоҷирон аз Кемерово ба Душанбе

Ахири ҳафтаи гузашта дар километри 20-уми роҳи мошингарди Ленинск-Кузнетск-Новокузнетски вилояти Кемерови Русия садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он сокини 38-солаи ноҳияи Ҳисор, шаҳрванди Тоҷикистон Нурулло Ҳайдаров ба ҳалокат расид. Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, фавтида дар вилояти Кемерово муваққатан ба сифати ронандаи воситаҳои нақлиёти бузургҳаҷм кор мекардааст. Ба иттилои […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи гузашта дар километри 20-уми роҳи мошингарди Ленинск-Кузнетск-Новокузнетски вилояти Кемерови Русия садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он сокини 38-солаи ноҳияи Ҳисор, шаҳрванди Тоҷикистон Нурулло Ҳайдаров ба ҳалокат расид.

Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, фавтида дар вилояти Кемерово муваққатан ба сифати ронандаи воситаҳои нақлиёти бузургҳаҷм кор мекардааст.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бобати саривақт ба ватан интиқол додани ҷасади Нурулло Ҳайдаров тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

«Ҳамчунин аввали моҳи август бо мусоидати намояндагӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ Абдусаттор Каримови 54-сола низ ба ватан интиқол дода шуд. Ӯ муддати мадиде бо бемории вазнин дар муассисаи тиббии шахри Кемерово бистарӣ буд», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,