Баррасии мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ дар Шӯрои амнияти СММ

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар реҷаи пӯшида оид ба фаъолияти Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои минтақаи Осиёи Марказӣ машварат доир намуд. Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, дар назди аъзои Шӯрои амният роҳбари Марказ, намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Мирослав Енча гузориш дод. Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои […]

ASIA-Plus


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар реҷаи пӯшида оид ба фаъолияти Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои минтақаи Осиёи Марказӣ машварат доир намуд.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, дар назди аъзои Шӯрои амният роҳбари Марказ, намояндаи махсуси Дабири кулли СММ Мирослав Енча гузориш дод.

Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои минтақаи Осиёи Марказӣ моҳи декабри соли 2007 дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод таъсис дода шуд. Марказ ба ҳукуматҳои Туркманистону Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ва пешгирии мухолифатҳо тавассути муколама ва ҷалби дастгирии байнулмилалӣ кӯмак мекунад.

Ҳамчунин Маркази СММ дар мубориза алайҳи терроризм, ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва таназзулу ифлосшавии муҳити зист аз кишварҳои минтақа пуштибонӣ мекунад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.