Медали тилои толибилми тоҷик дар олимпиадаи байнулмилалӣ

Дар Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни химия дар шаҳри Вашингтон миёни толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дастпарвари литсей-интернати муштараки тоҷикию туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе Улуғбек Баротов ба гирифтани медали тило ноил гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори муассисаи таълимии мазкур Юсуф Балкаш хабар дод, тӯли 20-соли истиқлолияти ҷумҳурӣ ин ягона ва нахустин медали тилоест, ки […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни химия дар шаҳри Вашингтон миёни толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дастпарвари литсей-интернати муштараки тоҷикию туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе Улуғбек Баротов ба гирифтани медали тило ноил гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори муассисаи таълимии мазкур Юсуф Балкаш хабар дод, тӯли 20-соли истиқлолияти ҷумҳурӣ ин ягона ва нахустин медали тилоест, ки толибилмони тоҷик дар олимпиадаҳои чунин сатҳи байнулмилалӣ ба даст овардаанд.

«Дар олимпиада чор нафар толибилмони литсей-интернат ширкат варзида, Улуғбек Баротов ба гирифтани ҷойи 1-ум, Маъруф Болтабоев ва Ҳомидхоҷа Холиқов ба гирифтани ҷойи сеюм муваффақ гардиданд», – гуфт вай.

Дар олимпиада аз 78-мамлакати дунё, аз ҷумла Русия, Амрико, Чин, Олмон, Фаронса, Кореяи ҷанубӣ ва Эрону Ҳиндустон, инчунин як қатор кишварҳои дигар 283-хонанда иштирок доштанд.

«Чунин комёбӣ ба зудиву осонӣ ба даст намеояд. Мо бо толибилмонамон муддати тамоми сол ба ин гуна олимпиадаҳо омодагӣ мегирем. Ҳарчанд давраи таътил бошад ҳам, айни замон дар литсей 20 нафар хонандагон ба олимпиадаҳои соли оянда тайёрӣ мебинанд. Ба ин олимпиада мо Улуғбекро дар тӯли чор сол омода намудем», – зикр кард Ю.Балкаш.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврал Улуғбек Баротов дар Олимпиадаи байнулмилалии Менделеев дар Қазоқистон низ бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон ба гирифтани медали тило сазовор гардида буд. Дар ин олимпиада намояндагони 18 кишвари ҷаҳон аз ИДМ, Балтика ва Аврупо ширкат варзида буданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.