Анҷоми сохтмони 7 иншоот дар остонаи сафари президент ба Кӯлоб

Дар Кӯлоб сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро интизорӣ доранд. Сафари кории ӯ ба ин минтақа аз 10 то 17-уми август пешбинӣ шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар остонаи сафари сарвари давлат ба Кӯлоб сохтмони 7 иншооти таъиноти гуногун ба итмом […]

Турко Дикаев


Дар Кӯлоб сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро интизорӣ доранд. Сафари кории ӯ ба ин минтақа аз 10 то 17-уми август пешбинӣ шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар остонаи сафари сарвари давлат ба Кӯлоб сохтмони 7 иншооти таъиноти гуногун ба итмом расида, онҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

«Интизорӣ меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои ба истифода додани бинои 2-ошёнаи шифохонаи ВКД, коргоҳи дӯзандагии Ҷамъияти саҳҳомии «Пойафзоли Кӯлоб», бинои кӯдакистони сеюм дар шаҳр ва комбинати истеҳсоли орд иштирок хоҳад кард», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин боздиди сарвари давлат аз макони сохтмони Кохи варзиш барои 1500 ҷойи нишаст ва майдони назди мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пас аз таҷдиду таъмир дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.