ҲНИТ барои сокинони осебдидаи Хоруғ 40 ҳазор сомонӣ мефиристад

Дар муддати 10 рӯзи пас аз муроҷиати раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба тоҷикистониён ҷиҳати кӯмак ба сокинони осебдидаи шаҳри Хоруғ 40 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ карда шуд. Ёдрас мекунем, ки дар конфронси матбуотӣ рӯзи 30-юми июл Муҳиддин Кабирӣ аз ҷонибдорони ҳизб ва тамоми сокинони ҷумҳурӣ даъват карда буд, ки ҳадди ақал маблағи […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар муддати 10 рӯзи пас аз муроҷиати раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба тоҷикистониён ҷиҳати кӯмак ба сокинони осебдидаи шаҳри Хоруғ 40 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар конфронси матбуотӣ рӯзи 30-юми июл Муҳиддин Кабирӣ аз ҷонибдорони ҳизб ва тамоми сокинони ҷумҳурӣ даъват карда буд, ки ҳадди ақал маблағи якрӯза ифтори худро барои мардуми Бадахшон ҷамъоварӣ намоянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ситоди ҲНИТ хабар доданд, дар ҷамъоварии ин маблағ шӯъбаҳои ҳизб, шахсиятҳо, муҳоҷирин, донишҷуён ва шахсиятҳои алоҳида саҳм гузоштаанд. «Масъулияти расонидани кӯмаки башардӯстона ба сокинони Бадахшон ба дӯши Комил Арешов, раҳбари ташкилоти мустақили хайриявии «Дасти ёрӣ» вогузор шуд», – гуфтанд дар ситоди ҲНИТ.

Ба иттилои манбаъ, ҷамъоварии кӯмак ба мардуми Бадахшон то шаби қадр, яъне рӯзи 27-уми моҳи Рамазон идома ёфта, ин маблағи ҷамъшуда низ ба Бадахшон ирсол хоҳад шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.