Оташзании қароргоҳи бахши ҲНИТ дар Ваҳдат

Рӯзи 10-уми августи соли равон, тахминан соатҳои 2-и шаб қароргоҳи бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи шахси номаълум бо пош додани маводи сӯхт (бензин) ба тирезаҳои берунии ҳуҷра оташ зада шуд. Тавре дар сомонаи расмии ХНИТ хабар дода мешавад, хушбахтона, оташ қисмате аз тирезаҳои пластикиро сӯзонда, ба дохили ҳуҷра паҳн нашудааст. […]

Меҳрангез Турсунзода


Рӯзи 10-уми августи соли равон, тахминан соатҳои 2-и шаб қароргоҳи бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи шахси номаълум бо пош додани маводи сӯхт (бензин) ба тирезаҳои берунии ҳуҷра оташ зада шуд.

Тавре дар сомонаи расмии ХНИТ хабар дода мешавад, хушбахтона, оташ қисмате аз тирезаҳои пластикиро сӯзонда, ба дохили ҳуҷра паҳн нашудааст. Бо дастури сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат генерал Мансур Бухориев масъулини тафтишотӣ ва умури ҷиноии шӯъбаи мазкур ба тафтиши қазия пардохтанд.

Дар иттилои интишоргардида дар сомона ба ҳодисаи мавриди тирпарронӣ қарор гирифтани қароргоҳи ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ зимни амалиёти низомии сохторҳои ҳукуматӣ ишора меравад.

«Онҳо ба қароргоҳи ҳизб омада, дашномҳои қабеҳро дар ҳаққи бародарон ва хоҳарони ҳизбӣ гуфтанд ва бинобар ин, нафаре имрӯзҳо ба идораи ҳизб намеояд, зеро эҳсоси тарс ҳаст», – мегӯяд яке аз роҳбарони ҳизб Маҳмадалии Ҳаит.

Ғайр аз ин, аз сӯхтори 25-уми октябри соли 2010 дар маркази фарҳангии занонаи ҳизб, ки дар қароргоҳи марказии ҲНИТ қарор дошт, низ ёдоварӣ шуда, зикр мегардад, ки ду сол пеш  маркази фарҳангии занонаи ҳизб, ки дар он занони фаъоли ҳизб намоз мехонданд, ба коми оташ рафта, пурра валангор шуда буд.

Он замон маҳз атрофи бинои ин марказ миёни Кумитаи умури дини назди ҳукумат ва мақомоти раҳбарии ҲНИТ баҳс ҷараён дошт. Кумитаи умури дин тавсия дода буд, ки дар ин марказ намоз гузорида нашавад, зеро он ба Қонуни ҶТ «Дар бораи дин ва иттиҳодияҳои динӣ» мухолиф аст. Қонуни мазкур ибодат дар биноҳои ташкилоту муассисаҳоро маҳдуд менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.