Корманди кумитаи заминсозии Истаравшан бо пора ба даст афтод

Корманди кумитаи заминсозии ноҳияи Истаравшан бо пора ба даст афтод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва муборизаи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ӯро кормандони раёсат ҳангоми гирифтани 1,4 ҳазор доллари ИМА пора бо далели шайъӣ дастгир намудаанд. «Ин маблағро мутахассиси кумитаи заминсозии ҷамоати Зарҳалоли ноҳияи Истаравшан К.М. барои ҷудо […]

Мавлуда Рафиева


Корманди кумитаи заминсозии ноҳияи Истаравшан бо пора ба даст афтод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва муборизаи ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ӯро кормандони раёсат ҳангоми гирифтани 1,4 ҳазор доллари ИМА пора бо далели шайъӣ дастгир намудаанд.

«Ин маблағро мутахассиси кумитаи заминсозии ҷамоати Зарҳалоли ноҳияи Истаравшан К.М. барои ҷудо кардани 0,06 га қитъаи замин аз сокини маҳаллӣ А.Б. талаб кардааст», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи 319-и КҶ ҶТ (Шахсан гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор ё тавассути миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва муборизаи ҶТ дар вилояти Суғд, дар нимсолаи аввали соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 23 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (ҳамин давраи соли гузашта – 22 далел) ба қайд гирифта шудаст.    

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.