Сабти ҳодисаҳои гирифторӣ ба бемории домана дар Хоруғ

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ҳодисаҳои ба бемории домана мубтало гардидани аҳолӣ ба қайд гирифта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» табиби эпидемиологи шифохонаи маризиҳои сироятии вилоят Бодурбек Бодурбеков хабар дод, айни замон дар Хоруғ 20 нафар ба гумони гирифторӣ ба бемории домана бистарӣ гардида, бемории  9 тан аз онҳо тасдиқ […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ҳодисаҳои ба бемории домана мубтало гардидани аҳолӣ ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» табиби эпидемиологи шифохонаи маризиҳои сироятии вилоят Бодурбек Бодурбеков хабар дод, айни замон дар Хоруғ 20 нафар ба гумони гирифторӣ ба бемории домана бистарӣ гардида, бемории  9 тан аз онҳо тасдиқ ва ташхиси боз 8 нафари дигар ҳоло тайёр набуда, танҳо дар ду ҳолат гумони аввалияи гирифторӣ ба ин беморӣ тасдиқ нашудааст.

Б.Бодурбеков ҳамчунин гуфт, айни замон сабабҳои гирифторӣ ба ин беморӣ муайян карда мешаванд. «Мо якчанд фарзияро тахмин мекунем, ки яке аз онҳо сарчашмаи гирифторӣ ба беморӣ оби ошомиданӣ, дақиқтар ҳавзаи обтақсимкунии об ба манзилҳои зист аст. Аммо фарзияҳои дигар ҳам вуҷуд доранд, ки мо алҳол дар бораи онҳо ҳарф заданӣ нестем. Сабабҳои воқеӣ танҳо пас аз санҷиши дақиқ муайян хоҳанд шуд», – гуфт эпидемиолог.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, барои муайян кардани сабабҳои хурӯҷи бемории домана сардухтури санитарии ҷумҳурӣ Аъзам Мирзоев, роҳбари Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ Самариддин Алиев ва сироятшиноси ғайриштатии Вазорати тандурустӣ Эркин Раҳмонов ба шаҳри Хоруғ сафарбар шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.