ҲНИТ куштори Имомназаровро маҳкум мекунад

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъияти шаҳри Хоруғи ВМКБ- ро мавриди баррасӣ қарор дода, куштори ноҷавонмардонаи яке аз шахсиятҳои маъруф ва баобрӯи минтақа Имомназар Имомназаровро маҳкум менамояд, – гуфт мешавад дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҳизб. Дар изҳорот зикр мегардад, ки дар ба эътидол омадан ва истиқорори амну субот баъди амалиёти низомӣ дар вилоят саҳми […]

ASIA-Plus


Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъияти шаҳри Хоруғи ВМКБ- ро мавриди баррасӣ қарор дода, куштори ноҷавонмардонаи яке аз шахсиятҳои маъруф ва баобрӯи минтақа Имомназар Имомназаровро маҳкум менамояд, – гуфт мешавад дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҳизб.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки дар ба эътидол омадан ва истиқорори амну субот баъди амалиёти низомӣ дар вилоят саҳми марҳум И. Имомназаров хеле бузург аст. «Номбурда тавонист мардум ва ҷавонони бадахшониро барои ба замин гузоштани аслиҳаи худ мутақоид созад ва роҳро барои музокираву ҳалли мусолиматомез фароҳам биёрад. Дар зимн аввалин шуда, силоҳҳои худ ва ҷонибдоронашро ба мақомот таслим намуд, ки инро метавон нишонаи сулҳдӯстӣ ва ватанхоҳии марҳум донист», – омадааст дар изҳорот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, «аз фурсат истифода карда, бадхоҳони миллат ва субот даст ба куштори ӯ зада, вазъияти ин минтақаро дубора ноором сохтанд ва эътимоду боварии мардумро барои ҳалли осоиштаи ин ҳолати бӯҳронӣ зери суол бурданд».

Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз мақомоти давлатӣ даъват мекунад, ки ба хотири таъмини амну субот ва волоияти қонун дар минтақа қотилони И. Имомназаровро ҳарчи сареътар боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашад.

Дар идомаи изҳорот баён мегардад, ки дар чунин лаҳзаи ҳасос тамоми мақомоти давлатӣ бояд тибқи вазифа ва салоҳияти конститутсионии худ амал намуда, дар ҳалли қазияи мазкур бетараф набошанд. Аз ҷумла Президенти кишвар ва Маҷлиси намояндагонро лозим аст, ки бевосита дар ҳалли масъала дахолат намоянд ва дар сурати зарурат барои баррасии масъала комиссияи парлумонӣ таъсис дода шавад.

«Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ҳама иқдомҳои сулҳҷӯёна дар Бадахшон ҷонибдорӣ намуда, ягона роҳи ҳалро дар идомаи муколама ва роҳҳалҳои мусолиматомез мебинад», – омадааст дар фарҷоми изҳорот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.