Қӯрғонтеппа. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилояти Хатлон идома дорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори яке аз шӯъбаҳои Раёсати вилоятии ҳифзи муҳити зист – Ҳабибулло Қодиров хабар дод, дар асоси супориши раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалӣ, соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят беш аз 6 миллион ниҳоли дарахтони гуногун, аз ҷумла 2 миллион ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва зиёда аз 4 миллион дарахтони ороишӣ шинонда мешаванд.
Ба гуфтаи Қодиров, ба нақшаи кабудизоркунӣ ҳамчунин бунёди боғҳои нав дар майдони
616 гектар
замин дохил гардидааст. Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки соли гузашта ба ҷойи 6 миллиону 100 ҳазори нақшавӣ, дар ҳудуди вилоят 6 миллиону 400 ҳазор ниҳоли дарахтони гуногун шинонда шуданд.
«Вале тафтишоте, ки баъди анҷоми маъракаи порсола сурат гирифт, нишон дод, ки беш аз 16 дарсади дарахтони шинондашуда, ба сабаби беаҳамиятии шахсони масъул нисбат ба нигоҳубини онҳо нобуд гардиданд», – афзуд манбаъ.


