Иртиботи телефонӣ бо Хоруғ барқарор шуд

Иртиботи телефонӣ бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ барқарор гардид ва акнун ҳам тавассути телефони хонагӣ ва ҳам телефони ҳамроҳ метавон ба онҷо дар алоқа шуд. Ёдрас мекунем, ки санаи 24-уми июл бо оғози амалиёти махсуси нерӯҳои қудратии ҳукумат алоқа бо шаҳри Хоруғ комилан қатъ шуда буд. Каме баъдтар иртибот тавассути […]

ASIA-Plus


Иртиботи телефонӣ бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ барқарор гардид ва акнун ҳам тавассути телефони хонагӣ ва ҳам телефони ҳамроҳ метавон ба онҷо дар алоқа шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 24-уми июл бо оғози амалиёти махсуси нерӯҳои қудратии ҳукумат алоқа бо шаҳри Хоруғ комилан қатъ шуда буд. Каме баъдтар иртибот тавассути телефони хонагӣ имконпазир гардида буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят хабар дод, рӯзи шанбе, 25-уми август воҳидҳои низомии Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ ба хурӯҷи нерӯҳои худ аз ВМКБ оғоз намуданд. «Айни замон дар Хоруғ танҳо воҳидҳои низомии Вазорати корҳои дохилӣ боқӣ монданд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки феълан вазъ дар шаҳри Хоруғ ором буда, муассисаҳои давлатӣ ва бозору мағозаҳо ба фаъолият пардохтаанд. Ба иттилои манбаъ, яке аз гумонбарони қатли генерал Назаров – қумондон Толиб Айёмбеков айни замон таҳти баёноти тарк накардани маҳалли сукунат дар шаҳри Хоруғ қарор дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.