Ҳукми 9 соли зиндон ба сокинони Хатлон барои нашъаҷаллобӣ

Чанде қабл суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Қумсангир Тилохӯҷа Муслимов ва сокини ноҳияи Бохтар Санавбар Гуловаро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳар кадомеро ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ғулом Бобоев, ҳимоятгари Муслимов ҳукми судро ғайримунсифона ва ғайриқонунӣ мешуморад. Ба андешаи ӯ, айби зерҳимояи ӯ на дар ҷараёни тафтишоти пешакиву на дар […]

Сайраҳмон Назриев


Чанде қабл суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Қумсангир Тилохӯҷа Муслимов ва сокини ноҳияи Бохтар Санавбар Гуловаро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳар кадомеро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Ғулом Бобоев, ҳимоятгари Муслимов ҳукми судро ғайримунсифона ва ғайриқонунӣ мешуморад. Ба андешаи ӯ, айби зерҳимояи ӯ на дар ҷараёни тафтишоти пешакиву на дар мурофиаи судӣ исбот нашудааст.

Пас аз эълони ҳукм Бобоев зикр кард, ки тамоми далелҳои ҷониби айбдоркунанда бепояанд ва айбнома бар асоси гумону тахмин ва фарзияҳои сохтаи муфатишон тартиб дода шудааст. «Парвандаи ҷиноии Муслимов тафтишоти иловагиро талаб мекард. Додгоҳ нисбат ба ҷабрдида ҳукм содир намуд», – гуфт вай.

Ба қавли номбурда, Муслимов таҳти шиканҷа баёнот додааст ва инро ду ташхиси тиббии доиргардида тасдиқ мекунанд.

Хуршед Сафаров, ҳимоятгари Санавбар Гулова низ ҳукми додгоҳ нисбат ба зерҳимояи худро ғайримунсифона унвон карда, изҳор дошт, ки аз болои он ба зинаи кассатсионӣ шикоят хоҳад бурд.

Ёдрас мекунем, ки айбдоркунандаи давлатӣ ба Тилохӯҷа Муслимов 10 сол ва Санавбар Гулова ҳукми 11 соли зиндонро талаб карда буд. Тилохӯҷа Муслимов ва Санавбар Гулова 14-уми апрели соли равон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии 1 кило маводи мухаддири афюн аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон боздошт шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.