Муроҷиати созмонҳои ҷамъиятӣ ба президент оид ба қазияи ташкилоти «Ампаро»

Ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ба президенти кишвар дар мавриди қазияи Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Ҷавон «Ампаро» (АҲҶ   «Ампаро») муроҷиат карданд. Дар муроҷиатнома аз ҷумла гуфта мешавад: «Мо, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Шумо оид ба ҳолате, ки бо яке аз ташкилотҳои фаъол –  Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Ҷавон «Ампаро» (АҲҶ   «Ампаро») ба амал омадааст, муроҷиат мекунем. Чӣ  тавре ки […]

ASIA-Plus


Ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ба президенти кишвар дар мавриди қазияи Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Ҷавон «Ампаро» (АҲҶ   «Ампаро») муроҷиат карданд.

Дар муроҷиатнома аз ҷумла гуфта мешавад:

«Мо, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Шумо оид ба ҳолате, ки бо яке аз ташкилотҳои фаъол –  Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Ҷавон «Ампаро» (АҲҶ   «Ампаро») ба амал омадааст, муроҷиат мекунем.

Чӣ  тавре ки ба мо маълум гардид, рӯзи 29-уми июни соли 2012 Раёсати адлияи вилояти Суғд дар натиҷаи тафтиши фаъолияти оинномавии АҲҶ   «Ампаро» ба суди шаҳри Хуҷанд аризаи даъвогӣ  дар бораи барҳам додани ин ташкилот ирсол кардааст.

Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳангоми анҷом додани тафтишот аз ҷониби намояндагони мақомоти адлия як қатор ҳуқуқвайронкуниҳо содир гардидаанд, ки хилофи қонунгузории амалкунанда мебошанд.

АҲҶ   «Ампаро» яке аз фаъолтарин ташкилотҳои ҷамъиятӣ  дар қаламрави   Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти он ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқҳои инсон   ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ  ва адои он, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони ятиму бепарастор ва кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд, инчунин тақвияти иқтидори ҷавонони кишварро фаро мегирад. Айни замон ташкилоти мазкур зиёда аз 40 нафар ҳуқуқшиносони ҷавон, рӯзноманигорон, омӯзгорон ва мураббиёни соҳаи ҳимояи ҳуқуқи шахсони ба хизмати ҳарбӣ  даъватшуда ва хизматчиёни ҳарбиро муттаҳид кардааст.

АҲҶ   «Ампаро» тӯли фаъолияти худ барои ҷавонон оид ба ҷанбаҳои мухталифи соҳаи ҳуқуқ зиёда аз ҳазор маслиҳати ҳуқуқии ройгон додаст, барои ҳуқуқшиносон ва намояндагони мақомоти давлатӣ  даҳҳо чорабинии маърифатӣ  гузаронидааст, дар такмили қонунгузорӣ  ва амалияи истифодаи қонунҳои кишвар саҳми арзанда гузоштааст.

Фаъолони АҲҶ   «Ампаро» баҳри баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии худ ва ба даст овардани унвонҳои илмӣ  дар соҳаи ҳуқуқ дар кишварҳои Аврупо, Русия, ИМА, Чин таҳсили илм доранд. Бар замми ин, ташкилот бо сохторҳои ҳокимияти   иҷроия, судӣ  ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байниҳукуматӣ  (САҲА, СММ, Иттиҳоди Аврупо), инчунин созмонҳои байнулмилалӣ  ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  ҳамкории фарогир дорад.

АҲҶ   «Ампаро» узви эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа, эътилоф оид ба пешниҳоди Гузориши даврии универсалӣ  ва эътилоф оид ба ҳуқуқи зан ва кӯдак мебошад.

Мо бо ташкилоти ҷамъиятии АҲҶ   «Ампаро» тӯли якчанд сол фаъолона  ҳамкорӣ  дорем. Самти асосии фаъолияти он соҳаи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ  ва хизмати ҳарбӣ  мебошад. Фаъолияти ташкилоти мазкур дар ин самт барои тақвияти соҳаи бехатарии давлат, аз ҷумла, сохторҳои ҳарбӣ , ташшакули механизм ва амалияи эҳтиром ва риояи ҳуқуқҳои шахсони ба хизмати ҳарбӣ  даъватшуда ва хизматчиёни  ҳарбӣ  бо мақсади ташаккули ҳайати пуриқтидори қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин такмили қонунгузорӣ  ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалӣ  дар соҳаи бехатарӣ  ва ҳуқуқи инсон хеле муҳим аст. Фаъолияти ин созмон яке аз ҷузъҳои муҳими таъмини бехатарӣ  на танҳо дар қаламрави кишвар, балки дар миқёси Осиёи Марказӣ  мебошад.

Мо АҲҶ   «Ампаро»-ро ҳамчун ташкилоте мешиносем, ки фаъолияти ташкилотӣ  ва барномавии худро бо риояи қатъии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба таври шаффоф пеш мебарад.

Аризаи даъвогие, ки нисбат ба АҲҶ   «Ампаро» бо риоя накардани меъёрҳои мурофиавӣ  ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол шудааст, ба эътибори на танҳо мақомоти  ҳокимияти иҷроия, балки тамоми кишвар таъсири манфӣ  мерасонад.

Бо назардошти масоили дар боло зикршуда, аз Шумо хоҳиш мекунем, ки ба барҳамдиҳии ғайриқонунии ташкилоти ҷамъиятии АҲҶ   «Ампаро» роҳ   надиҳед».



           

Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният

Иттиҳодияи маъюбони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Иттиҳодияи ҳуқуқи маъюбон дар шаҳри Душанбе «Имконият»

Имкониятҳои баробар

Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд

Маркази ҳуқуқи инсон

Маркази ҳуқуқи кӯдак

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон

Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI»

Фонди ҷамъиятии «Нота Бене»

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.