Кӯмаки USAID дар ифтитоҳи мағозаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Ашт

Лайла Эндрюс Башан, мутахассис оид ба барономаҳои умумии рушди Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ  дар маросими кушодашавии мағозаи маводҳои кишоварзӣ (ММК) дар посёлкаи Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд ширкат варзид. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, мағозаи мазкур бо мақсади таъмин намудани  деҳқонони минтақавӣ бо маводҳои сертификатсияшуда, ба монанди нуриҳои минералӣ, пестисидҳо […]

ASIA-Plus


Лайла Эндрюс Башан, мутахассис оид ба барономаҳои умумии рушди Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ  дар маросими кушодашавии мағозаи маводҳои кишоварзӣ (ММК) дар посёлкаи Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд ширкат варзид.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, мағозаи мазкур бо мақсади таъмин намудани  деҳқонони минтақавӣ бо маводҳои сертификатсияшуда, ба монанди нуриҳои минералӣ, пестисидҳо ва тухмиҳо ва пешниҳод намудани    таҷҳизоти кишоварзии  баландсифат аз ҷумлаи асбобу анҷом  ва техникаи хурди тракторӣ тавассути барнома оид ба  беҳдошти сулҳу субот дар Тоҷикистон (ББСТ)  ифтитоҳ гардид. Илова бар ин, ММК хизматрасонии васеъро бо истифодаи таҷрибаи хуби соҳаи кишоварзӣ ба мизоҷон пешниҳод мекунад.

Ҳадафи асосии Барнома оид ба беҳдошти сулҳу субот дар Тоҷикистон – таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон  ҷиҳати дастгирӣ намудани роҳҳои беҳтарини  идоракунӣ ва ҷалби гурӯҳҳои ноҳияҳои дурдаст  ё «зери хатар қарор гирифта »  ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. Барнома дар якҷоягӣ бо аҳолӣ дар 63 ҷамоатҳои  деҳоти вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара ва қисмати ҷанубии вилояти Хатлон бо мақсади ҳалли мушкилоти онҳо  фаъолият мекунад.

ББСТ, яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасони мардуми Амрико мебошад, ки тавассути USAID дастгирӣ ёфтааст. Аз соли 1992 то ин ҷониб, Сафорати ИМА дар Душанбе барои амалӣ гардонидани барномаҳое, ки институтҳои демократӣ,  соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиётро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд зиёда аз 984 миллион доллари ИМА-ро ҷудо намудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.