Раиси ВМКБ: Хурӯҷи нерӯҳои ҳукумат аз Хоруғ оғоз гардид

Хурӯҷи нерӯҳои низомии ҳукумат аз қаламрави шаҳри Хоруғ мутобиқи нақшаи таҳияшуда аз ҷониби мақомоти қудратии ҷумҳурӣ сурат мегирад. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ВМКБ Қодири Қосим хабар дод. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳор кард, ки имрӯз аллакай марҳилаи аввали хурӯҷи нерӯҳо аз Хоруғ шурӯъ шуд. «Айни замон вазъ дар […]

Аваз Юлдошев


Хурӯҷи нерӯҳои низомии ҳукумат аз қаламрави шаҳри Хоруғ мутобиқи нақшаи таҳияшуда аз ҷониби мақомоти қудратии ҷумҳурӣ сурат мегирад. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ВМКБ Қодири Қосим хабар дод.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳор кард, ки имрӯз аллакай марҳилаи аввали хурӯҷи нерӯҳо аз Хоруғ шурӯъ шуд.

«Айни замон вазъ дар шаҳр ором буда, корхонаҳои давлатӣ, муассисаҳои тиббиву савдо ва маишӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ супурдани имтиҳоноти қабул идома дорад», – гуфт ӯ.

Қ.Қосим аз ифшои санаи дақиқи комилан хориҷ шудани нерӯҳои низомии ҳукумат аз қаламрави шаҳри Хоруғ худдорӣ варзида, таъкид намуд, ки «ҳаммаш ба вазъу рӯйдодҳои минбаъда вобаста аст».

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти АМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии ВМКБ подполковник Мизроб Доробов, шоми рӯзи панҷшанбе тамоми ҳарбиёне, ки дар дидбонгоҳҳои муштарак мустақар буданд, қариб 250 нафар дар 9 мошин шаҳри Хоруғро тарк карда, ба қисмҳои ҳарбии хеш баргаштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.