12 млн. $-и БҶ баҳри таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ

Ба туфайли маблағгузории иловагӣ ба лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди зербинои маҳаллии Тоҷикистон, беш аз 200 ҳазор нафар аҳолии вилояти Хатлон ба оби тозаи ошомиданӣ ва хизматгузории босифати коммуналӣ дастрасӣ меёбанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намондагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ хабар доданд, чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии […]

Пайрав Чоршанбиев


Ба туфайли маблағгузории иловагӣ ба лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди зербинои маҳаллии Тоҷикистон, беш аз 200 ҳазор нафар аҳолии вилояти Хатлон ба оби тозаи ошомиданӣ ва хизматгузории босифати коммуналӣ дастрасӣ меёбанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намондагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ хабар доданд, чанде қабл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив доир ба маблағгузории иловагӣ ба лоиҳа дар ҳаҷми 12 млн. $ созишнома ба имзо расониданд.

Ба иттилои манбаъ, вооситаҳои бурсӣ ба афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ ба бахши таъминоти об, обу корез ва идоракунии партовҳои дурушти маишӣ равона гардида, ба масъалаи таҳкими имконоти заминавӣ барои таъмини беҳбуди сифати некӯаҳволии аҳолӣ дар давраи дарозмуҳлат таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. Ҳудуди 2 млн. $ ба ҳукумат барои ҷуброни хароҷоти бартараф кардани оқибатҳои мавсими обхезӣ дар вилояти Хатлон пешниҳод мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.