Ҳосили нахусти беш аз 210 ҳазор тонна гандум дар ҷануб

Ғаллакорони гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бори нахуст ба ҷамъоварии беш аз 210 ҳазор тонна ҳосили гандум муваффақ гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарагрономи Раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Раҷабалӣ Қулабеков хабар дод, соли равон ҳатто ба ҷамъоварии ҳосили рекордии 250 ҳазор тонна гандум имконият мавҷуд аст. Сарагроном мегӯяд, ҳоло гандуми аз 3 […]

Турко Дикаев


Ғаллакорони гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бори нахуст ба ҷамъоварии беш аз 210 ҳазор тонна ҳосили гандум муваффақ гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарагрономи Раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Раҷабалӣ Қулабеков хабар дод, соли равон ҳатто ба ҷамъоварии ҳосили рекордии 250 ҳазор тонна гандум имконият мавҷуд аст.

Сарагроном мегӯяд, ҳоло гандуми аз 3 ҳазор гектар ғуншударо мебояд кӯфт ва дар 2,4 ҳазор гектар заминҳои ноҳияҳои кӯҳӣ то ҳанӯз гандум дарав нашудааст.

«Шароити иқлими ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод, Ховалинг ва Балҷувон нисбат ба 6 ноҳияи дигари минтақа сардтар буда, дар онҳо мавсими кишту дарав каме дертар оғоз мегардад», – гуфт ӯ.

Номбурда бар ин назар аст, ки дар ҳоле ки соли равон ҳосилнокии гандум 24,3 сентнер аз як гектар пешбинӣ шуда буд, имсол аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 27 сентнер ҳосили гандум ба даст оварда шуд, ки асоси серҳосилии гандум мебошад. Дар ҳамин ҳол, дар майдони холишуда аз гандум хоҷагиҳои деҳқонӣ дигар зироатҳоро такрорӣ кишт намуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.