Соли равон 165 ҳазор нафар бори нахуст пой ба остонаи мактаб гузоштанд

Соли равон дар Тоҷикистон 165 ҳазор нафар кӯдакон бори нахуст пой ба остонаи мактаб гузоштанд. Ҳудуди 16 ҳазор нафари онҳо дар 140 мактаби таҳсилоти умумии пойтахт ба таҳсил шурӯъ мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Вайсиддин Исмоилов, сармутахассиси Раёсати таълимоти томактабӣ ва мактабии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар дод, бо фармони вазири маориф Нуриддин Саидов бахшида ба […]

Меҳрангез Турсунзода


Соли равон дар Тоҷикистон 165 ҳазор нафар кӯдакон бори нахуст пой ба остонаи мактаб гузоштанд. Ҳудуди 16 ҳазор нафари онҳо дар 140 мактаби таҳсилоти умумии пойтахт ба таҳсил шурӯъ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Вайсиддин Исмоилов, сармутахассиси Раёсати таълимоти томактабӣ ва мактабии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар дод, бо фармони вазири маориф Нуриддин Саидов бахшида ба оғози соли нави хониш дар 3 ҳазору 990 мактаби таҳислоти умумии кишвар ҷамъомади ботантана доир гардид.

Дар ҳамин ҳол, соли ҷорӣ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 46 нафар кӯдакон дар синфи якум бо таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бино ба маълумоти Раёсати маорифи вилояти Суғд, феълан дар қаламрви вилоят 902 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд. Соли гузашта дар ин муассисаҳои таълимӣ 463 ҳазору 311 нафар таҳсил карданд.

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ имсол барои 60 ҳазор нафар хонадагон занги аввал садо медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Раҷабалӣ Шокиров хабар дод, ин алҳол маълумоти пешакӣ буда, шояд шумори хонандагони синфи як аз ин миқдор зиёдтар ҳам бошад, зеро ҳамасола шумори хонадагони синфи як дар вилоят 4-5 ҳазор нафар бештар мешавад.

Ба қавли вай, соли равон дар макотиби вилоят 1,2 ҳазор омӯзгорони ҷавон ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Ӯ зикр кард, ки дар робита ба афзудани маоши муаллимон аз 1-уми сентябри соли равон, аксари муаллимоне, ки тарки мансаб карда буданд, ба кори пештараашон баргаштаанд. «Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки соли ҷорӣ мушкилоти норасоии омӯзгорон дар вилоят қариб пурра роҳи ҳалли худро пайдо кард», – афзуд Шокиров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.