Ифтитоҳи коргоҳи нави дорусозӣ дар Душанбе

Чанде қабл дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар наздикии бозори Султони Кабир ба муносибати ҷашни  пуршукуҳи Истиқлолияти давлатӣ маросими расмии ифтитоҳи коргоҳи нави дорусозӣ баргузор шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, коргоҳи нави дорусозӣ аз ҷониби ширкати «Кӯҳҳои Тоҷикистон» бо ҷалби воситаҳои БДА «Амонатбонк» ва ҶСК «Бонки Эсхата» бунёд гардида, маблағи умумии […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар наздикии бозори Султони Кабир ба муносибати ҷашни  пуршукуҳи Истиқлолияти давлатӣ маросими расмии ифтитоҳи коргоҳи нави дорусозӣ баргузор шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, коргоҳи нави дорусозӣ аз ҷониби ширкати «Кӯҳҳои Тоҷикистон» бо ҷалби воситаҳои БДА «Амонатбонк» ва ҶСК «Бонки Эсхата» бунёд гардида, маблағи умумии лоиҳаи сохтмон 180 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ин коргоҳи дорусозӣ иқтидор дорад, ки дар як сол то як миллион туб марҳам (маз), 10 млн. таблетка ва 500 ҳазор шиша доруворӣ дар шакли моеъ истеҳсол намояд. Дар коргоҳ дар маҷмӯъ 15 номгӯи доруворӣ истеҳсол хоҳад шуд.

Ашёи хом ба ин корхона асосан аз Чин, Эрон, Русия ва аз худи кишвар ворид карда мешавад. Айни замон дар коргоҳ 12 нафар кормандони фармасевтӣ ва инженерӣ-техникӣ машғули кор буда, баъди ифтитоҳи расмии он, шумори онҳо то 18 нафар расонида мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, айни замон дар мамлакат 11 ширкати хусусӣ ба истеҳсоли 75 номгӯйи доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғуланд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.