Эрон бунёди ҳамтои минтақаи Шенген барои кишварҳои Роҳи абрешимро пешниҳод кард

Эрон пешниҳод мекунад, ки миёни кишварҳои воқеъ дар Роҳи бузурги абрешим минтақаи раводиди монанди минтақаи Шенгени Аврупо таъсис дода шавад, – иттилоъ медиҳад хабаргузории озарбойҷонии Trend. «Ин ба рушди бахши сайёҳӣ миёни кишварҳои минтақа, рушди робитаҳо ва таҳкими сулҳу амнияти минтақа мусоидат хоҳад кард», – изҳор доштааст ноиби президенти Эрон Сайёд Ҳасани Мусавӣ зимни суханронӣ […]

ASIA-Plus


Эрон пешниҳод мекунад, ки миёни кишварҳои воқеъ дар Роҳи бузурги абрешим минтақаи раводиди монанди минтақаи Шенгени Аврупо таъсис дода шавад, – иттилоъ медиҳад хабаргузории озарбойҷонии Trend.

«Ин ба рушди бахши сайёҳӣ миёни кишварҳои минтақа, рушди робитаҳо ва таҳкими сулҳу амнияти минтақа мусоидат хоҳад кард», – изҳор доштааст ноиби президенти Эрон Сайёд Ҳасани Мусавӣ зимни суханронӣ дар конфронси байнулмилалӣ дар Боку.

Ӯ зикр кардааст, ки кишварҳои минтақаи Роҳи бузурги абрешим бояд аз имконоти худ баҳри рушди сайёҳӣ самаранок истифода намоянд.

Ноиби президенти Эрон ҳамчунин таъсиси Маҷмаъи кулли кишварҳои минтақаи Роҳи бузурги абрешим, баргузории анҷумани он дар охири соли оянда дар Эрон, эълони соли 2004 ҳамчун соли Роҳи абрешим, доир намудани Рӯзи Роҳи абрешим дар доираи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва таъсиси атласи Роҳи абрешимро низ пешниҳод кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.