Бонки осиёгии рушд (БОР) барои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн. доллари ИМА бурс ҷудо мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БРО дар Душанбе хабар доданд, роҳи мазкур қисмати Коридори шашум дар доираи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) бо масофаи 10 ҳазор километр аст, ки Аврупо ва Русияро бо Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад.
Роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон бо масофаи 113 километр қисмате аз Роҳи қадимаи абрешим аст. Он қад-қади дарёи Зарафшон ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакентро убур намуда, то марзи Ӯзбекистон мерасад.
«Азнавсозии ин роҳ ба ҳамкории минтақавӣ мусодат намуда, хароҷоти нақлиётро коҳиш ва рақобатпазириро афзун месозад, – гуфт манбаъ. – Он ҳамчунин дастрасии аҳолӣ ба хизматгузориҳои иҷтимоиро беҳтар намуда, ба рушди сайёҳӣ, бахши кишоварзӣ ва санаоти кӯҳӣ дар минтақа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, ки ин омил дар навбати худ, ба фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ замина муҳайё менамояд».
Барои татбиқи лоиҳаи мазкур ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун шарики молиявӣ дар ҳаҷми 22 млн. $ сармоягузорӣ ва Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба рушди байнулмилалӣ ба маблағи 14 млн. $ қарз ҷудо мекунад. Вазорати нақлиёт иҷрокунандаи лоиҳаи мазкур маҳсуб гардида, анҷоми он соли 2016 дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки соли 1998 Тоҷикистон ба узвияти БОР пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба сифати қарзҳои имтиёзнок, бурс ва кӯмаки техникӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии беш аз 966 млн. $ маблағ ҷудо кардааст.


